21 дек 2015

Вохӯрии ҷавонони ҷамоатҳо Ворух ва Навгилем бо намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулх аз мо ощоз меебад», дар асоси нақшаи корӣ, санаи 21 декабри соли 2015  дар ҷамоати Ворухи   ноҳияи Исфара  вохӯрии намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ бо ҷавонон гузаронида шуд. Дар вохӯри намояндагони шӯъбаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исфара, раиси ҷамоти Ворух  ва 20 нафар чавонон аз гуруҳи мақсадноки лоиҳа аз ҷамоати Ворух иштирок доштанд.  Инчунин дар нимаи дуюми рӯз соати 14:00 вохӯри дар ҷамоати Навгилем гузаронида шуд.  Дар ин вохӯри намояндагони шӯъбаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исфара, муовини раиси ҷамоати Навгилем  иштирок доштанд. Ин вохӯрӣ бо мақсади беҳтар намудани робитаи байни чавонон ва намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ гузаронида шуд, то ки чавонон  ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гиранд ва пешниҳодҳою дархостҳои худро ба намояндагон арз намоянд ва роҳи ҳалли онро дарк намоянд.

Ҳабарҳои дигар

26 фев 2022

Санахои 25-26 феврали соли чори дар ш. Душанбе

Санахои 25-26 феврали соли чори дар ш. Душанбе тренинги 2-руза дар мавзуъи “Мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо дар заминаи зӯроварии хонаводагӣ – бақайдгирӣ, ҳимояи ҷабрдидагон ва ҷазои зӯроварон (ҳуқуқвайронкунандагон) барои кормандони милитсия, ки бо масъалаи зуроварии шахвони-гендери сарукор доранд, ташкил ва гузаронида шуд.

25 июл 2017

Варзиш қосиди сулҳ аст

Имрӯз давраи ниҳоии мусобиқаи варзишӣ оид ба бокс 40 нафар беҳтаринҳоро аз ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон ва деҳаҳои Арқа ва Борбордуки Қирғизистон муайян кард.

Минтақаҳои фаъолият