23 дек 2010

Ярмаркаи шаҳрӣ

ТҶ Ассотсиатсияи Зиёиёни Илмию Техникии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Паст кардани сатҳи камбизоатӣ тавассути маориф ва таълими ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо ва Вазорати Федералӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон сармоягузорӣ мешавад, якҷоя бо мақомоти иҷроияи Ҳукумати ш. Хуҷанд ярмаркаи касбинтихобкунии гӯшаҳои иттилоотӣ ва стендҳои муассисаҳои маорифи касбии ибтидоии шаҳрро дар мавзӯи «Интихоб намо»-ро ташкил карданд.

Дар ин рӯз – 22 декабр намояндагони муассисаҳои ТҒ шаҳр, КВД «Маркази таълимии ш. Хуҷанд» хатмкунандагони ш. Хуҷандро дар боғи фарҳанги ба номи Камоли Хуҷандии шаҳр пешвоз гирифтанд. Дар чорабинӣ Омӯзишгоҳи касбҳои техникии №31 –и ш. Хуҷанд, Литсеи касбию политехникии ш. Хуҷанд, Литсеи касбии сервиси ш. Хуҷанд ва Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази таълимии ш. Хуҷанд», ҳамчунин бештар аз ду ҳазор хатмкунандагони мактабҳои миёнаи ш. Хуҷанд иштирок карданд.

Барои ҷалб кардани мароқу шавқи иштироккунандагон байни ОКТ ва Литсейҳо оид ба беҳтарин стенд - гӯша озмун эълон карда шуд.

Комиссияи махсус, ки ба ҳайъати он намояндагони мақоми иҷроияи Ҳукумати ш. Хуҷанд, ТҶ АЗИТ, идораи маорифи вилоят ва шӯъбаи маорифи ш. Хуҷанд шомил буданд, ғолибонро муайян карданд.

Дар ярмарка дастранҷи донишҷӯёни муассисаҳои ТҒ-и шаҳр, аз ҷумла олоти мухталиф, аъёният ва плакатҳои гуногун ба маърази тамошо гузошта шуданд. Тамошобинони ярмарка имкон доштанд олот ва маснуоти мансуб ба касбҳои гуногун, аз ҷумла кафшергари барқу газ, дуредгар, дӯзандаро харанд. Ҳамчунин ба тамошобинон сартарошон – хонандагони литсеи сервиси ш. Хуҷанд хизмати худро пешниҳод карданд.

Чорабинӣ аз тадбирҳои расмӣ фарқ дошт. Он ба иди хурсандию хушҳолӣ табдил ёфт, ки ҳеч касро бетараф гузошта наметавонист. Барномаи консертӣ бо иштироки ситораҳои ҷавони шаҳр диққати ҳатто мизоҷони тасодуфӣ ва раҳгузаронро ба худ ҷалб кард.

Мақсади аввали ярмарка ба соҳаи маорифи умумӣ ва ибтидоӣ ҷалб кардани абитуриентҳо буд. Мақсади дуюм – ташаккули имиҷи мусбати маорифи ибти-доии касбӣ буд, ки ба он имрӯз, мутаассифона, муносибат назарногирона аст. Қисми зиёди хатмкунандагон бошанд. Бидуни ба назар гирифтани шавқу мароқи худ бо ҳар роҳ ба донишкадаи олӣ дохил шудан мехоҳанд.

Барои он ки дар интихоби худ иштибоҳ накунанд, дар он рӯз имконияти хе-ле нодир дар ихтиёр доштанд: онҳо метавонистанд дар бораи касби оянда ва раванди таҳсил аз хамсолони худ – хонандагони омӯзишгоҳҳо ва литсейҳо маълумот гиранд. Ҳамчунин маҳсули меҳнати онҳоро бо чашми худ бинанд ва ҳатто бо нархи аз нархи бозор арзонтар харанд.

Қисми хеле ҷолибу шавқовар ва маърифатии ин чорабинӣ бозиҳои мароқовар буд, ки онҳоро кормандони лоиҳа таҳия карда буданд. Он рӯз бозиҳои нақшдор, викторинаҳо дар бораи касбҳо ва имкониятҳои омӯзишгоҳу литсейҳо, ҳалли кроссовордҳои мухталиф, озмуни «Кӣ аз ҳама бештар расми асбобу анҷомро кашида метавонад?» гузаронида шуданд.

Ба иштироккунандагони аз ҳама фаъоли ярмарка мукофотҳои гуногун ва свитерҳо бо рамзиёти лоиҳа супурда шуданд.

Аз рӯи хулосаи комиссияи экспертӣ ҷои якумро ЛКС ш. Хуҷанд, ҷои дуюм-ро ЛКП ш. Хуҷанд, ҷои сеюмро омӯзишгоҳи касбҳои техникии №31 ш. Хуҷанд ва КВД «Маркази таълимии ш. Хуҷанд» ишғол карданд.

 Ба намоиш-ярмарка ҳамчунин намояндагони ВАИ КСС ва телевизиони СМ-1, телевизиони «Азия», телевизиони «Суғд», рӯзномаҳои «Согдийская правда», «Ҳақиқати Суғд» ва «Омӯзгор» даъват шуда буданд.

Шумо метавонед маълумоти иловагиро дар ин бора аз сомонаи мақоми иҷроияи Ҳукумати ш. Хуҷанд www.khujand.tj гиред.

Ҳабарҳои дигар

28 апр 2017

Рӯзи дуюми бизнес тренинг

Имрӯз, дар рӯзи дуюми тренинг оиди “Банақшагирии фаъолияти соҳибкорӣ” иштирокчиён фаъолона ба машғулиятҳо шурӯъ намуданд. Онҳо намунаи бизнес нақшаҳои пешакиро, ки аз тавсифи фаъолият, муносибати маркетингӣ ва нақшаи истеҳсолӣ иборат буданд, пур намуданд.

28 дек 2021

Влияние Ковид 19 на ментальное здоровье молодежи

Сегодня, в Учебном центре Национального банка Таджикистан, наша молодёжь собралась обсудить влияние Ковид 19 на ментальное здоровье молодежи и выработать рекомендации для дальнейшей деятельности.

Минтақаҳои фаъолият