Ҷавонон асосҳои журналистикаро омӯхтанд

Синну соли журналисти чандрасонаӣ дар шимоли Тоҷикистон боз ҳам ҷавонтар мегардад. Агар минбаъд 20 нафар хонандагони макотиби вилоят дониши андӯхтаро дар амал татбиқ намоянд.

Аз 26 то 28 майи соли равон дар бинои таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистон тренинги омӯзишӣ оид ба "Асосҳои журналистикаи чандрасонаӣ" баҳри 20 нафар хонандагони макотиби ҷамоатҳои наздисарҳадии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинии мазкур, дар доираи лоиҳаи "Сулҳ аз мо оғоз меёбад" бо маблағгузории Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ бо роҳандозии Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон доир шуда, ҳадаф аз он ба роҳ мондани ғояи сулҳофаринӣ ва тарбияи онҳо ба ҳайси паёмовари сулҳу дӯстӣ дар байни ҳамсолонашон ба василаи маводи чандрасонаӣ мебошад.

Сайҳона Бадалова, хонандаи мактаби №8 деҳаи Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мегӯяд:

-Дар тренинг мо навиштани матни журналистӣ, аксбардорӣ, сабт ва коркарди аудиову видеоро омӯхтем. Дар баробари ин, аз рисолати бузурги журналист ва одоби касбӣ огоҳ шудем. Хушҳолам, ки минбаъд мо метавонем ҷамъомадҳои ду кишварро, ки дар деҳаамон доир мешаванд инъикос намоем.

-Натанҳо инъикос, балки тарзи дурусти пешниҳоди маводро аз худ кардем,-мегӯяд Исоқ Тиллоев, иштирокчии дигари тренинг.- Ҳар гоҳе маводи журналистиро оид ба ҳамкории тоҷикону қирғиз мехондам, мушоҳида мекардам, ки рӯзноманигорон баъзе нуктаҳои муҳимро сарфи назар кардаанд. Афсӯс мехӯрдам, ки қобилияти навиштан надорам. Акнун ин масъала ҳалли худро дарёфт. Имрӯз бо он донишу маҳорате ки дар ин тренинг омӯхтам, ман метавонам суханамро то ба мардум расонам.

Дар доираи тренинги омӯзишии "Асосҳои журналистикаи чандрасонаӣ" иштирокчиён ба гурӯҳҳо тақсим шуда, чаҳор маводи чандрасонаӣ дар бобати таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ ва сулҳ омода намуданд, ки минбаъд дар сомонаи АЗИТ ва дигар ВАО нашр хоҳанд шуд.

 

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият