Урдугоҳи маърифатии ҷавонон «Мо – узви ҷаҳон ҳастем!»

Имрӯз, толори барҳавои Маркази таълимии Бонки миллӣ на танҳо аз нури офтоб, балки бо иштирокчиёни урдугоҳи ҷавонон аст.

Ҳамкории дастаи Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ техникии Тоҷикистон - ташкилкунандаи урдугоҳи се рӯз ва маъмурияти маркази таълимии Бонки миллӣ ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

Чил нафар ҷавонписарон ва ҷавондухтарон аз ноҳияҳои мақсадноки наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон якҷоя ҳам хушҳолӣ мекунанд ва ҳам чизҳои муфид меомӯзанд. Аз як тараф барномаи омӯзишии мукаммал бо иштироки тренерон ва мутахассисони ботаҷриба, шиносоӣ бо ташкилоти шарик, ва аз тарафи дигар, ба даст овардани дӯстони нав ва аз табиати зебо баҳравар гардидан аст.

Барномаи урдугоҳ аз қисматҳое, ки ба нақши ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, малакаи таҳаммулпазирӣ, бунёди сулҳ ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бахшида шудааст, иборат мебошад.

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи “Сулҳ ва ҳамкорӣ аз мо оғоз меёбад” бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар ҳамкорӣ бо ташкилоти “Юс оф Ош” баргузор гардида истодааст.

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият