Лагери маърифатии ҷавонони Сомониёну Кӯк-Тош оғоз мегардад

Санаи 31 июли соли ҷорӣ 40 нафар сокинони ҷавони деҳаҳои Сомониён ва Кк-Тош ба "Водии Офтобрӯй" сафар хоҳанд кард. Имконияти мазкур, ба ҷавонони ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон аз 31 июл то 5 август дар Маркази таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистон, дар лагери маърифатӣфароҳам мегардад. 
Лагери омӯзишӣ дар доираи қисмати маърифатии лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияхои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" тибқи номгӯйи вазифаҳои зерлоиҳаи иловагӣ бо маблағгузории Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва роҳандозии Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон доир мешавад. 
Чорабинии мазкур, дар шакли муосир бо баргузории машқҳои интерактивӣ бартарият дошта, баргузории мини-сессияҳо ва муаррифиномаҳо тибқи мавзӯҳо низ ба барномаи лагер ворид гаштаанд. 
Чунин усул барои баррасӣ ва омӯзиши мавзӯҳои таҳаммулпазирӣ, сулҳофарӣ, мубоҳиса, музокира, коркарди нақша-чорабиниҳои муштарак равона шудааст. Иштирокчиёни онро нафарони аз 16 то 35 ташкил дода, ба сифати тренерон нафароне, даъват шудаанд,ки дар баргузории тренинг ва семинарҳо барои ҷавонон таҷрибаи бой доранд. 
Имрӯз саёҳати ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон аз "стансияи Шиносоӣ" аз истгоҳи "Ман кӣ ҳастам?" оғоз гардида, то "Водии Офтобрӯй" идома меёбад. 

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият