Ҷавонони шимоли Тоҷикистон соҳибкорӣ меомӯзанд

Шумораи соҳибкорони вилояти Суғд аз ҷумлаи ҷавонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара 40 нафар афзун хоҳад шуд.

Имрӯз дар бинои таълимии Бонки миллӣ, воқеъ дар шахри Гулистон имконияти мазкурро дар тренинги омӯзишии "Бизнес-нақшаи фаъолияти соҳибкорӣ"  дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Кирғизистон" Ассосиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳидаи Тоҷикистон фароҳам овард.

Азизхоҷа Хоҷаев, мутахассис оид ба бизнес-лоиҳаҳои АЗИТ мегӯяд, ки мақсади баргузории чорабинӣ рушди асосҳои соҳибкорӣ, маҳорати лоиҳасозӣ ва ташкили фаъолияти тиҷоратӣ мебошад.  

Ба Мунира Ахмедова, сокини ҷамоати Хистеварз муҳим омӯзиши тарзи дурусти навиштани бизнес-нақша аст. Ӯ мегӯяд, дар ҳолати ба даст наовардани грант, метавонад аз сарчашмаи даромади маркази таълимиаш истифода намояд,

Ғояи соҳибкории Мунира аз ташкили маркази маърифатӣ барои кӯдакони томактабӣ иборат мебошад.

-Танҳо дар ҳолати ба даст овардани грант ман метавонам ғояи худро амалӣ намоям,-мегӯяд Муқаддам Юлдошева, сокини ҷамоати Овчӣ-Қальача,-Зеро  маоши омӯзгорӣ ва даромади молии аҳли хонавода барои таъсиси сехи  пазандагӣ имкон намедиҳад.

Дар доираи тренинг минбаъд комиссияи махсус ташкил гардида, на кам аз 8 лоиҳаҳои беҳтарин интихоб мегарданд ва аз ҷониби Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон бо грантҳо дар шакли таҷҳизот дастгирӣ мешаванд.

Тренинги омӯзишӣ тӯли се рӯз идома хоҳад ёфт.

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият