Варзиш барои ҳама

27 апрели соли ҷорӣ дар деҳаи Арқа минтақаи Донишгоҳи нави Россия маросими ифтитоҳи толори варзишӣ барпо гардид.

ин толор барои ҳама, ҳам барои сокинони маҳаллӣ ва ҳам барои ҳамсояамон, мактаббачагони маҳаллӣ ва донишҷӯён...” аъзои ГТҶ аз деҳаи Арқаи ҶҚ қайд намуд.

Дар чорабинии мазкур 20 нафар ҷавонони ҷамоати Хистеварз даъват шуда буданд. Меҳмононро мизбонон гарм пешвоз гирифтанд: бо ноу намаки анъанавӣ.

Пас аз ифтитоҳи толор иштирокчиён ба миз даъват карда шуданд ва меҳмонону мизбонон ҳангоми чойнӯшӣ ҳамдигарро пазироӣ намуданд.

Аммо чорабинӣ дар ин ҷо анҷом наёфт, дар клуби маҳаллӣ ҳамагонро аҷуба дар намуди барномаи фарҳангӣ, ки аъзоёни ГТҶ омода намуда буданд, интизор буд.

Рақсу суруд таҳти оҳанги миллӣ ягон иштирокчиро батараф нагузошт.

Чорабинии мазкур аз ҷониби ташкилоти шарик “Хазина барои таҳаммулпазирии байналхалқӣ” дар доираи лоиҳаи “Ҳамкории байнисарҳадӣ барои таҳкими сулҳ ва рушди устувор” бо дастгирии БРСММ амалӣ карда мешавад.

 

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият