Оғози татбиқи нақшаҳои фаъолияти муштарак

Ҷавонони ҷомеаҳои мақсадноки лоиҳа, ки шомили Гурӯҳи тамосии ҷавонон ҳастанд, татбиқи чорабиниҳоро дар доираи нақшаҳои фаъолияти муштарак оғоз намдуданд, ки он дар ҳамҷоягӣ бо ҳамсолони қирғиз ҳангоми гузаронидани ду урдугоҳҳои байнисарҳадӣ таҳия намуда буданд.

Мақсади гузаронидани чорабиниҳои муштарак ин ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона байни ҷавонони ҷомеаҳои байнисарҳадии ду кишвар мебошад.

Тавассути ташкил ва барпо намудани чунин чорабиниҳо ҷавонон хислатҳои сарварии хешро ташаккул медиҳанд ва бо мақомоти маҳаллӣ муносибат ба роҳ мемонанд.

Яке аз аввалинҳо шуда аъзоёни ГТҶ “Чойхонаи ҷаҳонӣ” аз ҷамоати Ворух чорабинӣ барпо намуданд, ки меҳмононро аз деҳаи ҳамсояи Қирғизистон Оқсой қабул намуданд. Дар байни меҳмонон ҷавонон, аъзоёни ГТҶ Оқсой, раиси ҳукумати деҳаи Оқсой, намояндагони фаъоли деҳа, пиронсолон ва занон буданд.

Ҳангоми вохӯрӣ аъзоёни ГТҶ Ворух нақшаи фаъолияти муштаракро муаррифӣ намуданд ва бо иштирокчиён роҳҳои амалигардонии онҳоро муҳокима намуданд. Меҳмонон тӯҳфаҳои хотирмон гирифтанд, ки дар он навиштаҷоти “тӯҳфаро бо дӯстат тақсим намо” буд. Аъзоёни ГТҶ ҳангоми чорабинӣ викторинаи “Дар бораи ҳамсояи худ Шумо чӣ медонед?” гузарониданд, ки он шавқовар буд ва он нишон дод, ки иштирокчиёни чорабинӣ таърих ва ҳаёти муосири якдигарро хуб медонанд.

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҳамкории ҷавонони ҷомеаҳои наздисарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон», ки аз ҷониби ТҶ АЗИТ амалӣ карда мешавад ва аз ҷониби БРСММ дастгирӣ шудааст, баргузор гардид

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият