Мастер-класс дар Хистеварз доир шуд

Гурӯҳи тамосии ҷавонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳамсолони худ аз деҳаҳои наздисарҳадии Хистеварз (Тоҷикистон) ва Борбордук (Қирғизистон) дастагул тӯҳфа намуданд. Дастагул оддӣ набуда, аз сабзавоту меваҷот иборат мебошад.

Имрӯз дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  аз рӯи нақша-чорабиниҳои муштараки гурӯҳи тамосии ҷавонони ҷамоати мазкур,  мастер-класс оид ба карвинг баргузор шуд.

Чорабинии мазкур, дар доираи қисмати бизнес-чорабиниҳои лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" доир гардид, ки бо дастгирии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон  аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон амалӣ мешавад. 

Мақсади баргузории чорабиниро, Азизхӯҷа Хоҷаев, мутахассиси бизнес-лоиҳаҳои Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон чунин изҳор намуд:

-Ҳадаф аз баргузории чорабинии мастер-класс ин омӯзонидани ҷавонон ба ҳунари карвинг аст, ки ин дар шакли тиҷорат имрӯз дар Тоҷикистон дар айни рушд мебошад. То онҳо тавонанд ороиши меваҷоту сабзавотро натанҳо дар шароити хона ба роҳ монанд, инчунин ҳамчун воситаи даромади иловагӣ низ истифода баранд. Дар оянда, тибқи лоиҳа дар назар аст, аъзои фаъоли гурӯҳи тамосии ҷавонон ба ин ҳунар ҷалб гарданд.

Ороишгар Наим Оғлуқов мегӯяд, ки ҷавонон метавонанд маҳорати ороиши меваҷотро чун касб пешаи худ намоянд, зеро талабот нисбат ба ин бештар гаштаву аммо кам нафароне ёфт мешаванд, ки дорои ин ҳунар ҳастанд.

Ин дарҳолест, ки Хистеварз ва Борбордук минтақаҳои наздисарҳадӣ буда, сокинони ҷавони ин деҳаҳо муносибатро нисбат ба ҳамдигар хуб арзёбӣ мекунанд, имкон аст, даромади фаъолияти худро боз ҳам васеътар намоянд.

Ҷаҳонгир Саломов аз Қирғизистон, ки  бо ёрии ороишгар дар рӯи меваи тарбуз акси сояи духтаракро тасвир намуд, гуфт:

-Дар деҳаи мо карвинг маъмул нест, аммо басо ҷолиб аст. Бовар дорам малакаи ин ҷо андӯхтаамро ҳадди ақал дар маъракаҳои оилавӣ истифода хоҳам кард.

Дар мастер-класс натанҳо тарбуз, инчунин харбуза, себ, банан, ангур ва дигар намудҳои сабзавоту меваҷот шаклҳои ороишии киштӣ, делфин ва гулҳоро гирифтанд.

-Доир намудани мастер-класс оид ба карвинг аслан идеяи гурӯҳи тамосии мо-ҷавонони ҷамоати Хистеварз аст,-зикр медорад Нигора Турсунова. Бовар доштем, ки дар замони муосир ин ҳунар барои ҷавонони ҳозира писанд меафтад.

Мастер-класс оид ба ороиши сабзавоту меваҷот пагоҳ низ дар ҷамоати Хистеварз идома меёбад. 

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият