Ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон таҳаммулпазириро омӯхтанд

Ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон таҳаммулпазириро омӯхтанд

Имрӯз дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара семинар дар мавзӯи "Таҳаммулпазирӣ" бо иштироки ҷавонони  деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Дар ҷараёни семинар сокинони ҷавони деҳаҳои Хоҷаи Аъло, Ак-Татир, Орто-Боз, Уч-Добо усулҳои гуногуни бартараф кардани ҳолатҳои низоъ, ибрози ҳиссиёт бидуни зӯроварӣ, роҳҳои ба вуҷуд овардани эътиқод, маҳорати гӯш кардани мусоҳиб ва тарзҳои робита дар раванди сӯҳбатро омӯхтанд. 

Мунира Негматова, тренери семинар иброз медорад, ки дар доираи лоиҳа чорабиниҳо оид ба мавзӯъҳои муҳими рӯз-таҳаммулпазирӣ, методҳои пешгирӣ кардани низоъ, кор дар гурӯҳҳо доир мешаванд.

-Аз ҷумла, дар ҷомеаи мо,-мегӯяд ӯ,-мавзӯи таҳаммулпазирӣ бисёр мубрам аст, зеро дар раванди чунин семинар дар ҷавонон сифатҳои инсондӯстӣ, хоҳиши ба роҳ мондани ҳамкорӣ, дӯстӣ таҳкими сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои низоъ ба вуҷуд меояд.

Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён ба саволҳои "таҳаммулпазирӣ чист?", "шахси таҳаммулпазир кист?" посух гирифта, оид ба намудҳои таҳаммулпазирӣ дар доираи гурӯҳҳои хурд саҳначаҳо омода намуданд.

-Гурӯҳи мо оид ба таҳаммулпазирии намуди гендерӣ саҳна омода кард,-зикр мекунад Адина Тоҷиддинқизи аз деҳаи Ак-Татири Қирғизистон,- семинар аз бисёр ҷиҳат барои ман баманфиат буд. Ман пешниҳод мекардам, ки барои сокинони деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон забонҳои қирғизӣ ва тоҷикӣ омӯзонида шавад. Фикр мекунам дар ҳолати омӯхтани забонҳои ҳамдигар  мо метавонем ҳамдигарро хубтар фаҳмида, ҳамкориро густариш диҳем.

Ҳадятулло Деҳқонов, хонандаи синфи 9 мактаби №24 деҳаи Хоҷаи Аъло, ки забони қирғизиро дарк намекард ва аз тарҷумон истифода мебурд, пешниҳоди Адина дастгирӣ намуда, илова мекунад:

-Ман бори аввал дар семинар оид таҳаммулпазирӣ ширкат дорам. Хушҳолам, ки оид ба ин мавзӯъ маълумот пайдо кардам. Бешубҳа 

таҳаммулпазирӣ барои таҳкими сулҳ байни ҷавонони ду кишварҳо бисёр муҳим аст.

Семинар тибқи нақша-чорабиниҳои муштараки гурӯҳи тамосии ҷавонони деҳа  дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" .

Дар интиҳо, иштирокчиёни семинар ба чаҳор гурӯҳ ҷудо шуда, рамзи таҳаммулпазириро кашиданд.

Лоиҳаи мазкур, бо маблағгузории Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон аз ҷониби  Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон амалӣ мешавад. 

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият