Комиссияи грантӣ

Дар доираи лоиҳаи “Сулҳ ва ҳамкорӣ бо мо оғоз меёбад” 23 феврали соли 2017 дар коргоҳи ТҶ АЗИТнишасти комиссияи грантӣ баргузор гардид. Аъзоёни комиссияи грантӣ намояндагони Раёсати маорифи вилояти Суғд, шӯъбаҳои маорифи ноҳияи Б. Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд, РКД ВКД вилояти Суғд, мудири бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сйёҳии ноҳияи Б. Ғафуров, намояндаи Хукумати ноҳияи Б. Ғафуров ва намояндаи ЮНИСЕФ буданд.  

Ҳадафи баргузории комиссияи грантӣ ин муайян намудани ғолибони лоиҳаҳои хурд, ки қаблан ҳангоми гузаронидани ду марҳилаи семинарҳо аз ҷониби хонандагони мактабҳои мақсадноки ҷамоатҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Б. Ғафуров коркард карда шудаанд. Комиссияи грантӣ тавассути арзёбии лоиҳаҳо мувофиқи талаботи қаблан интихобнамуда гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ 14 лоиҳаҳои хурд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар натиҷаи холҳо, қарор шуд, ки ҳамаи 14 лоиҳаҳо дастгирӣ хоҳанд шуд.

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият