Фарҳанговарон

Дар доираи грантҳои хурди лоиҳаи “Сулҳ ва ҳамкорӣ бо мо оғоз меёбад”, ки аз ҷониби Хазинаи кӯдакони СММ – ЮНИСЕФ маблағгузорӣ шудааст, 25 апрели 2017 сол дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара конфронси илмию адабӣ таҳти унвони“Фарҳанговарон”, ки маънои намояндагон ё соҳибони фарҳангро дорад, баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар мактаби №23 ҷамоати Ворух баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур меҳмонон аз деҳаи Оқсойи Қирғизистон ширкат варзиданд. Ҳамчунин дар чорабинӣгурӯҳи осебпазири ҷавонон ҷалб карда шуданд. Мақсади ин чорабинӣ ҷалби ҷавононба ҳаёти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ва шиноснамудани шаҳрвандони Қирғизистон бо фарҳанги мардуми тоҷик буд. Мавзӯичорабинӣ “Ҳаёт ва фаъолияти Ҷалолуддини Румӣ” буд. Дар рафти чорабинӣ ҷавонон аз ашъори Ҷалолиддин Румӣ шеърҳо қироат намудандсаҳначаҳо намоиш доданд,духтаракон ва писаракони мактаби мазкур рақс иҷро намудандинчунин бо иштирокчиён викторина гузаронида шуд, ки ғолибони он бо туҳфаҳо сарфароз карда шуданд.Ба меҳмонон аз Қирғизистон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Дар охири чорабинӣ меҳмонон барои даъват изҳори миннатдорӣ намуданд. Як омӯзгор аз Қирғизистон Малабекова Махбурет гуфт: “Тоҷикон ҳамсояҳои мо ҳастанд ва барои он ки мо бештар наздик шавем чунин намуди чорабинӣ бояд бештар гузаронида мешавад”.

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият