Тренин оиди банақшагирии бизнес

Ҳар комёбии инсон ин дастовард аст. Имрӯз, 26 апрели соли 2017, соҳибкорони ҷавон ва аъзоёни гурӯҳи тамосии ҷавонон, ки дар ҷамоатҳои мақсадноки шаҳри Исфара ва ноҳияи Б. Ғафуров зиндагӣ мекунанд, барои ноил гаштан ба ҳадафҳои худ дар ифтитоҳи бизнес дониши зарурӣ ба даст меоранд.

Дар Маркази таълимии Бонки миллӣ, воқеъ дар шаҳри Гулистон, тренинг дар мавзӯи банақшагирии бизнес баргузор мегардад. Шумораи умумии иштирокчиён чиҳил нафар аст. Меъёрҳои интихоби иштирокчиён ин дархостномаи иштирокчиён бо бизнес ғояҳои пешакӣ омоданамуда буданд.

Барномаи тренинги мазкур рушд додани бизнес ғояҳои штирокчиён, тайёр намудани бизнес-нақшаҳо ва минбаъд дастгирии молиявии бизнес-нақшаҳои интихобшуда аз ҷониби БРСММ дар Тоҷикистонро дар бар мегирад. Дар давоми се рӯз иштирокчиён мавзӯҳои ба монанди Арзёбии муштараки минтақа, “Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Банақшагирии бизнес”-ро аз худ мекунанд.

Ба сифати тренерон мутахассисони пешбар ва коршиносони соҳаи банақшагирии бизнес ва соҳибкорӣ даъват шуданд.

Чорабинии мазкур аз тарафи Ассотсиатсияи зиёиёни-илмӣ техникии Тоҷикистон бо дастгирии БРСММ дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Тақвияти ҳамкории ҷавонони ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Кирғизистон” баргузор карда мешавад.

 

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият