Чорабиниҳои муштараки ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон тақвият меёбанд

Гармхона ё сехи ҷиҳози хона?

­­-Ҳарду, -посух доданд ГТҶ- и ҷамоати Сурх аз шаҳри Исфара.

Аъзои гурӯҳ тасмим гирифтанд, дар моҳҳои тобистон барои ҳамсолони худ саёҳат ба корхонаҳои истеҳсолӣ ташкил намоянд. Дар чорабинии мазкур, иштироки сокинони ҷавони деҳаи наздисарҳадии кишвари Қирғизистон низ истисно нест.

Моҳҳои амалисозии ташаббусҳо санаи 14 июн ҳангоми вохӯрӣ бо гурӯҳи кории АЗИТ дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадини Тоҷикистону Қирғизистон" муайян шуданд.

Ғояҳои мазкур,  ҳанӯз дар истироҳатгоҳи фаромарзии серӯза, ки дар моҳи май доир шуда буд, ба нақша-чорабиниҳои мавҷуда зам гардиданд.  Дар доираи нақша баргузории шанбегӣ, намоишномаи аксҳо ва саёҳат ба ҷойҳои таърихии Хуҷанд низ дар назар дошта шудааст.

Аъзои ГТҶ изҳор доштанд, ки даромади асосии буҷаи оилаҳои ҷамоати Сурх аз ҳисоби хоҷагии деҳқонӣ буда, ташкили саёҳат ба гармхонаҳои зироати полезӣ  дар доираи "Бизнес стади тур" танҳо бар манфиати кор хоҳад буд. Бо назардошти он, ки ҷавонони минтақа баҳри амаликунии таҷрибаи андӯхта шароити мусоид доранд.

Омӯзиши фаъолияти ҳунармандони сехи истеҳсоли ашё ва ҷиҳози хона аз он ҷиҳат муҳим аст, ки солҳои охир талаботи мардум ба ин маҳсулот  афзуда, таваҷҷӯҳи насли мирӯз низ нисбат ба ин навъи ҳунар дучанд гардидааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ рӯзҳои баргузории чорабиниҳо муқаррар гардида, танҳо ҷавонони фаъоли Сурхро лозим меояд, вобаста ба корҳои ташкилӣ бо ҳамсолони худ аз ГТҶ-и Қирғизистон гуфтушунид намоянд.

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият