28 май 2018

Ҷаласаи якуми Кумитаи ҳамоҳангсозии ноҳияи Айнӣ оид ба масъалаҳои марбут ба шахсони дорои маъюбият

Аъзоёни Кумитаи ҳамоҳангсозии ноҳияи Айнӣ оид ба масъалаҳои марбут ба шахсони дорои маъюбият дар ҷаласаи дуюми худ, ки рӯзи 28-уми майи соли 2018 баргузор гардид, ҷараёни иҷрои Лоиҳа оид ба дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон маблағгузорӣ шуда, дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии “АЗИТ” ва “ДАРО” амалӣ мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд. Истифодаи таҷрибаҳои пешқадами ноҳияи Деваштич оиди тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, шомилшавии шахсони дорои маъюбият ба узвияти Кумитаи ҳамоҳангсозии ноҳиявӣ ва натиҷаҳои пурсиши хона ба хона ҷиҳати муайян кардани шумора ва эҳтиёҷоти шахсони дорои маъюбият аз масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа буданд. Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия вазифадор карда шуд, ки барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳалро дар ноҳияи Айнӣ идора намояд.Иштирокчиён ҳамчунин фаъолиятҳои дарпешистодаи Лоиҳаро барои се моҳи оянда муҳокима намуда, омодагии худро ҷиҳати амалисозии онҳо баён намуданд.

Ҳабарҳои дигар

6 фев 2019

Подготовка к весенним работам в садах

В рамках проекта “Поддержка гражданского общества в применении реабилитации на уровне сообщества для людей с инвалидностью в районе Айни”, который реализуется в партнерстве с Филиалом Ассоциации Каритас Германия в Таджикистане при ...

23 мар 2011

Чорабинии муштараки байнисарҳадӣ бахшида ба иди «Наврўз»

22 март дар ҳудуди мактаби № 64 ноҳияи Сомониёни Ҷумхурии Тоҷикистон чорабинии муштараки байнисарҳадӣ бахшида ба иди “Навруз” баргузор гардид. Чорабинии мазкур таҳти унвони «Фестивали Дўстӣ» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият