28 май 2018

Ҷаласаи якуми Кумитаи ҳамоҳангсозии ноҳияи Айнӣ оид ба масъалаҳои марбут ба шахсони дорои маъюбият

Аъзоёни Кумитаи ҳамоҳангсозии ноҳияи Айнӣ оид ба масъалаҳои марбут ба шахсони дорои маъюбият дар ҷаласаи дуюми худ, ки рӯзи 28-уми майи соли 2018 баргузор гардид, ҷараёни иҷрои Лоиҳа оид ба дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон маблағгузорӣ шуда, дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии “АЗИТ” ва “ДАРО” амалӣ мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд. Истифодаи таҷрибаҳои пешқадами ноҳияи Деваштич оиди тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, шомилшавии шахсони дорои маъюбият ба узвияти Кумитаи ҳамоҳангсозии ноҳиявӣ ва натиҷаҳои пурсиши хона ба хона ҷиҳати муайян кардани шумора ва эҳтиёҷоти шахсони дорои маъюбият аз масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа буданд. Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия вазифадор карда шуд, ки барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳалро дар ноҳияи Айнӣ идора намояд.Иштирокчиён ҳамчунин фаъолиятҳои дарпешистодаи Лоиҳаро барои се моҳи оянда муҳокима намуда, омодагии худро ҷиҳати амалисозии онҳо баён намуданд.

Другие новости

22 сен 2020

Мир начинается с нас

В честь Международного Дня Мира, 21-го сентября 2020 года в лицее политехнического института имени М. Осими в г. Худжанд в рамках проекта "Мир начинается с нас" были проведены открытые уроки среди учащихся 9 «А» и 7 «Б» классов.

14 дек 2020

В честь 75-летия ООН

14 декабри 2020 дар доираи зерлоихаи бахшида ба 75-солагии Созмони Милали Муттахид (БРСММ) дар Точикистон семинар дар мавзуи "Махаллигардонии Хадафхои рушди устувор, мониторинг ва арзёбии дастовардхои Стратегияи миллии рушд" дар Донишгохи Давлатии шахри Хучанд ба номи академик Бобочон Гафуров бо иштироки донишчуёну омузгорони факултаи забонхои хоричи барпо гардид.

Регионы деятельности