30 июн 2021

Семинари «Пешсаф»

Санаи 24-25-29-30 июни соли 2021 дар Озмоишгоҳи Инноватсионии шаҳри Конибодом семинари «Пешсаф» гузаронида шуд. Семинари мазкур бо мақсади баланд бардоштани иқтидори ҷавонон, рушди фикрронии эҷодии онҳо баргузор гардид. Ба чорабинии мазкур наврасон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии маҳаллӣ ҷалб карда шуданд. Наврасон дар натиҷаи пешкаши ғояҳои худ дар маъракаҳои иттилоотӣ интихоб гардиданд. Дар семинари мазкур 32 нафар наврасон иштирок доштанд. Дар давоми чор рӯз менторони озмоишгоҳ ба иштирокчиён муайян намудани муаммо, сабаби пайдо шудани муаммо ва роҳи ҳалли муаммоҳоро омӯзониданд. Дар рӯзи охирини чорабинӣ тариқи озмун гурӯҳҳои беҳтарин бо ғояҳои инноватсионии хеш ғолиб гаштанд. Лоиҳаҳои ин гурӯҳҳо аз тарафи лоиҳа маблағгузорӣ мешаванд.
Пас аз анҷоми семинар ҳар як иштирокчӣ соҳиби шаҳодатнома гардид.
Чорабинии мазкур аз тарафи ТҶ “АЗИТ” дар доираи лоиҳаи «Малакаҳо барои оянда ва гузариш ба ҳаёти корӣ” бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ баргузор гардид.

Ҳабарҳои дигар

28 апр 2017

Кани духтарҳо

Санаи 28 апрел дар мактаби 24 деҳаи Хоҷаи Аълои ш. Исфара бо иштироки духтарони ҳамсоякишварҳо чорабинии «Кани духтарҳо» баргузор гардид. Чун рамзи пойдории дустии тоҷику қирғиз ташаббускорон меҳмононро зери суруди қирғизӣ бо ҳавои рақс пешвоз гирифтанд.

3 ноя 2021

Баробарии гендерӣ

Баробарии гендерӣ на танҳо ҳуқуқи бунёдии инсон, балки заминаест барои расидан ба сулҳ, шукуфоӣ ва рушди устувор. Ва ҳангоме ки кӯдак ё наврас дар синни барвақтӣ табъизи гендериро эҳсос мекунад, оқибатҳои он метавонад ҷиддӣ бошад.

Минтақаҳои фаъолият