20 авг 2009

Барномахои АЗИТ барои ҷавонон

Барномаҳои АЗИТ барои ҷавонон дар ташкили шароит барои баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоии ҷавонон, тағйир додани муқаррарот дар бораи камбизоатон ва афзун намудани иқтидори онҳо дар ҳалли масъалаҳои хеш равона карда шудааст. Дар 18 соли охир дар кишварамон бисер тағйиротҳои иҷтимоӣ - сиёсӣ рух доданд. Дар натиҷаи набудани шароит ва имконот барои ташаккули шахсӣ дар ин давра як насл кўдакони бесавод ва аз ҷамъият мустасношуда зиёд гардиданд. Имконоти нокифояи мактабҳо дар таълим ва тарбияи насли наврас дар ҷодаи ташаккули шахсият ва қобилияти одаткунӣ ба шароитҳои

иҷтимоӣ - сиёсии тағйирёбанда, набудани дастрасии саривақта ба маълумоти зарури ва донишҳои иловагӣ, худогоҳии пасти шаҳрвандӣ сабаби асосии руй овардани оммаи ҷавонон ба муҳоҷирати меҳнати ба хориҷи кишвар гардид. Ҷавонон маҷбур шуданд, ки барои баланд бардоштани даромаднокии оила ба хориҷа сафар кунанд, зеро онҳо аз рўи анъана барои оила ва волидони худ масъулиятнокии моддӣ эҳсос мекунанд. Имруз ҳар ҷавонписари дуюмро метавон муҳоҷир номид. Оқибатҳои эҳтимолии падидаи мазкур ва таъсири он ба раванди вусъатёбӣ дар ҷамъият ва иқтисодиёти кишварамон омўхта нашудаанд. Дар айни ҳол бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки ин ҳақиқат ба як андоза имкон медиҳад, ки даромаднокии оила баланд бардошта шавад ва сифати зиндагӣ дар сатҳи муайян нигоҳ дошта шавад. Набудани малакаву маҳорат ва имконоти татбиқи дониши худ дар дохили кишвар ва саҳмгузорӣ барои рушди ҷомеаи худ, вазъияти устувори иқтисодии оила ва ҷомеаро барои оянда таъмин намекунад. Аз тарафи дигар бошад ин ҳақиқат барои тамоми ҷомеа аз паи худ боз як хатарро дар намуди паҳншавии ҳолатҳои сироятёбӣ бо ВНМО\АНМО мекашад. Ин масъала дар қишлоқҷойҳо хеле шадид аст, чунки сатҳи пасти зиндагонии аҳолӣ ва набудани некўаҳволии иҷтимоӣ, сатҳи бекории густурда барои зиёд гардидани муҳоҷирати ҷавонписарон ва фазои холии иттилоотии умум мусоидат мекунад. Қариб, ки ҳар як оила дар қишлоқ ба хатари сироятёбии ВНМО\АНМО гирифтор аст, зеро аз ҳар як оила ақаллан 1 нафар мунтазам ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар мекунад. Ҳалли масъалаи мазкур муттаҳидшавии қувваи кулли ҷомеаи шаҳрвандиро талаб мекунад. Барои таъмин намудан бо маълумоти лозима ва донишҳо бо мақсади баланд бардоштани дарки хатари вокеи ва маълумотнокии аҳолӣ дар бораи паҳншавии ВНМО\АНМО лозим аст, ки чораҳо ҷуста шаванд.

Таи 10 сол аст, ки АЗИТ дар татбики барномаҳои рушд фаъолият мебарад ва бо категорияҳои гуногуни манфиатгирандагон таҷрибаи зиёди корӣ дорад, хусусан бо оилаҳои камбизоати дехот, гурўҳи маъюбони муттаҳидшуда барои ноил шудан ба ягон мақсад ва инчунин ҷавонон.

Соли 2003 оиди тағйироти дарки зиндагӣ ва «муқаррароти қолабии камбизоат» натиҷаи назаррас ба даст оварда шуд. Он вақт ташкилоти мо бо 15 мактабҳои вилояти Суғд дар чаҳорчўбаи лоиҳаи Сарварони ҷавон, ки манфиатгирандгони он хонандагони синфҳои болоӣ буданд, фаъолиятро оғоз кард.

Натиҷаҳои ноилшудаи лоиҳаи мазкур дар ҳамаи сатҳҳо паҳн шуда, хулосаи мувофиқ бароварда шуд ва яке аз самтҳои асосии фаъолияти АЗИТ бо ҷавонон қабул карда шуд:

  • кор бо ҷавонон дар баландбардории сифати зиндагӣ бо воситаи тағйир додани муқаррароти қолабии камбизоат;
  • фароҳам овардани шароит барои ба даст овардани малакаҳои «нарм»;
  • баланд бардоштани нерўи ҷавонон дар ҳалли масъалаҳои минбаъдаи ҷомеа.

Дар татбиқи лоиҳаҳои ба ҷавонон равонакардашуда АЗИТ кўшиш мекунад, ки дар ҳалли масъалаҳои зерин кўмак расонад расонад:

  • Набудани дастрасӣ ба малакаву маҳорати махсуси босифат
  • Худогоҳии пасти шаҳрвандии ҷавонон
  • Набудани дастрасии саривақта ба маълумот
  • Сатҳи пасти фаъолияти иҷтимоӣ ва иштироки ҷавонон дар ҳалли масъалаҳои хеш

 

Дар аввали 2009 сол ТҶ АЗИТ Ташкилоти Ҷамъиятии «Ташабуси Рушди Ҷавонон»-ро таъсис мекунад. Ва ин ҷониб барномаи ҷавонони ТҶ АЗИТ ташкилоти ҷамъиятии мустақилона мебошад.

Барои гирифтани ахбороти иловагӣ муроҷиат намоед: Суроға: ш.Хуҷанд, кўчаи Шўро 24, Тел: (992 3422) 6-24-70, Email: office@asti.tj

 

Ҳабарҳои дигар

2 ноя 2017

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мастер-класс оид ба сихкабоб доир гардид

фзудани хизматрасониҳои маишӣ, аз ҷумла ошхона ва қаҳвахонаҳо сифати таоми пешниҳод гаштаро зери шубҳа мегузорад. Махсусан, сихкабобҳои дар ҳар кӯчаву хиёбон вомехӯрдаро аз рӯи сураташ баҳогузорӣ намудан имконнопазир аст.

Минтақаҳои фаъолият