3 ноя 2021

Баробарии гендерӣ

Баробарии гендерӣ на танҳо ҳуқуқи бунёдии инсон, балки заминаест барои расидан ба сулҳ, шукуфоӣ ва рушди устувор. Ва ҳангоме ки кӯдак ё наврас дар синни барвақтӣ табъизи гендериро эҳсос мекунад, оқибатҳои он метавонад ҷиддӣ бошад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар байни ҷавонон ва наврасон, ТҶҶ "АНТИ" дар мавзӯи "Баробарии гендерӣ" дар минтақаҳои мақсадноки лоиҳа семинар гузаронд. Ба сифати иштирокчии ин чорабинӣ хонандаи мактабҳои маҳаллӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров интихоб карда шуданд. Дар рафти семинар иштирокчиён "Гендер чист?, Баробарии Гедер, стереотипҳо, нақши мардон ва занон" -ро муҳокима карданд. Бо усули кор дар гурӯҳҳо онҳо мубоҳисаҳо гузарониданд, сифатҳои роҳбарии худро нишон доданд.
Инчунин, ҷавонон ба мутахассисони лоиҳа дар мавзӯи интихобшуда саволҳо доданд.
Чорабинии мазкур аз тарафи ТҶ «АЗИТ» дар доираи лоиҳаи «Маркази захиравии занон» бо дастгирии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ гардид.
#poastiandosce

Ҳабарҳои дигар

17 авг 2017

Мастер-класс дар Хистеварз доир шуд

Гурӯҳи тамосии ҷавонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳамсолони худ аз деҳаҳои наздисарҳадии Хистеварз (Тоҷикистон) ва Борбордук (Қирғизистон) дастагул тӯҳфа намуданд. Дастагул оддӣ набуда, аз сабзавоту меваҷот иборат мебошад.

17 дек 2021

Тренинги 2-руза дар Рудаки

Дар нохияи Рудаки тренинги 2-руза дар мавзуъи “Машварати ҳуқуқӣ барои гирифторони (ҷабрдидагон) зӯроварӣ дар оила - аз назария то тарҷиба” барои хукукшинсон, параюристон ва кормандони макомотхои дахлдор, ки бо масъалаи зуроварии шахвони-гендери сарукор доранд, ташкил ва гузаронида шуд. Тренинг дар доираи ташаббуси “Нури Рушноӣ” аз тарафи ТЧ “АЗИТ” амалӣ карда мешавад. Ташаббуси “Нури Рушноӣ” як шарикии глобалӣ ва бисёрсола байни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид аст, то ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтаронро то соли 2030 аз байн барад.

Минтақаҳои фаъолият