24 янв 2015

Клуби занҳои Дугонаҳо

Дугонахо: Мо устохонаро интихоб кардем, то ки мошинаҳои дарздӯзиамон бехатар бошанд

Дар Клуби занҳои Дугонаҳо мошинаҳои дарздӯзӣ бе ист кор мекунанд, мо устохонаро пеш мебарем, то ин ки такмили ихтисос кунем. Сарвари Клуб Олуфта холова мегӯяд, ки аввал бо дар деҳаи Меҳнатобод кор мекарданд. Аз сабаби он, ки он ҷо барои нигоҳ доштани мошинаҳои дарздӯзӣ бехатар набуд, онҳо бино дар маҳалли Бохтар, ки мо ҳоло дар ин ҷо вохӯрӣ гузаронида истодаем, ба иҷора гирифтанд. Дар моҳи август онҳо биноро пурра барои худ таҷҳизониданд ва моҳи сентябр онҳо бо ҳам вохӯрда кор мекунанд.

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи амалигардидаистода, Сафармоҳ Ҷӯрабоева ва Хадича Ёрматова дар курси дӯзандагии 10 рӯза иштирок карданд. Онҳо дӯхтани юбкаҳо, шим, костюм, дӯхтани ҷиҳози ҷойгаҳи хобро ва кор бо мошинаи компютерии ороишӣ низ ёд гирифтанд. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа онҳо курси либосбурӣ ва либосдӯзиро барои дигар занҳои Клуб гузарониданд. Курс дар тобистон дар деҳаи Меҳнатобод гузашта буд. Занҳо мошинаи дарздӯзии худро истифода мебурданд, фақат мошинаи ороишии компютериро онҳо киро карда буданд.

Малакаи бадастовардаи худро онҳо истифода мебурданд. Гулхумор Ҳайдарова мегӯяд: «Шавҳарам ба ман мегӯяд, ки духтарчаамро ба боғча диҳам, то ман кор карда тавонам, пул кор кунам. Пештар ман дар хона менишастаму, бекор будам». Шаҳноза, дар курси Сафармоҳ ва Хадича иштирок карда буд, дар навбати худ, духтарони навбатиро меомӯзонад.

Моҳи гузашта дар Клуб 17 нафар занҳоро меомӯзониданд, ҳоло бошад 7 нафар. Ҳар яки онҳо дар як моҳ 50 сомонӣ месупорад. Аз ҳамин ҳисоб онҳо маблағи иҷораи бино, бовимондаро ба фонд месупоранд. Айни ҳол дар Клуб 10 мошини дарздӯзӣ вуҷуд дорад, ки ҳамаи онҳоро дар чаҳорчӯбаи лоиҳа ба даст овардаанд. Ҳамаи онҳо дар бинои нави Клуб ҷойгир шудаанд.

Марҳабо, яке аз шогирдони Шаҳноза мегӯяд: «Ба мо гуфтанд, ки дар Клуб устохонаи дӯзандагӣ низ фаъолият мебарад – манн худам дар дигар деҳа зиндагӣ мекунам, лекин ман аз оилаам инро фаҳмидам (модаркалонам дар онҷо зиндагӣ мекунанд). Барои ба курс рафтан дар як самт ба манн 20 дақиқа лозим аст. Ба туфайли корҳои омӯхтаи ман, маблағ кор кардам. Куртаи дар барам бударо низ, худам дӯхтам ва оро додам. Рӯзҳои шанбе мо 4 соат мехонем, аз соати 8 то соати 12. Дар хона ман мошини дарздӯзӣ дорам ва дар он ман фармоишҳои бошандагони деҳаи худамро медӯзам. Пештар манн курта дӯхта метавонистам, ҳозир бошад оро доданро низ омӯхтам».

Олуфта, сарвари клуб мегӯяд, ки баъди соати 12 бахши дуюми курс оғоз мешавад ва бахши дуюми духтарон меомӯзанд. Бисёри онҳо дар вохӯрӣ иштирок доранд, мо метавонем фаҳмем, ки Клуб духтарони зиёдро ҷалб мекунад.

Дар Клуб курси бофандагӣ низ фаъолият мебарад. 4 нафар духтарон дар хонаи хадича вомехӯранд. Вазъияти оилавиашон ба онҳо имконияти ташрифи ҳаррӯзаи Клубро намедиҳад. Хадича мегӯяд, ки ғайр аз бофандагӣ онҳо сабзавотпарварӣ низ мекунанд ва умедворанд, ки дар оянда гармхона ташкил кунанд. Дар бораи чорво ҳоло онҳо фикр надоранд.

Сарвари клуб Олуфта ба шимол бо мақсади мубодилаи таҷрибаи корӣ бо намояндагони Клуби занҳои чандинсола ба вилояти Суғд ташриф овард. Дар Клуби Файз ба ӯ мошинаи рӯймолдӯзӣ писанд омад. Занҳо мехостанд ин гунна дастгоҳро харанд, лекин имконият надоштанд. Яке аз намояндагони деҳа чунин дастгоҳ дорад, вале ӯ барои истифодабарии он 150 сомонӣ дар як моҳ талаб мекунад. Ҳамин тариқ ин гуна дастгоҳро фақат орзу мекунанд.

Наталя Кертичак

Лоихаи  мазкур дар чахорчубаи  барномаи  Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд  маблаггузори  шудааст

 

Ҳабарҳои дигар

29 ноя 2022

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

10 ноя 2021

Ҷабрдида ва таҷовузкор

Дар ноҳияи Бобочон Ғафурови ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобочон Ғафуров дар мавзуи «Ҷабрдида ва таҷовузкор» - вохӯрии иттилоотӣ доир гардид.

Минтақаҳои фаъолият