18 окт 2021

Духтарони гурӯҳи "Созандагон"

Духтарони гурӯҳи "Созандагон"-и ноҳияи Деваштич сохтани ашёҳои ороиширо омӯхтанд. Маҳфили мазкур дар як ҳафта 2 маротиба гузаронида мешавад. Ҳоло духтарон бошанд, бо дониши гирифтаашон лоиҳаи худро амалӣ карда истодаанд. Лоиҳа барои сохтани ашёҳои ороишӣ аз қоғазпораҳо равона карда шудааст. Ҳадаф аз ин кам кардани партофтани коғазпораҳо барои ҳифзи муҳити зист аст. Духтарон ашёҳои ороишии омодашударо ба фурӯш мебароранд, то ин ки фоида ба даст оранд.
Ташаббуси мазкурро ТҶ “АЗИТ” дар доираи лоиҳаи "Малакаҳо барои оянда ва гузариш ба ҳаёти корӣ", бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон амалӣ карда истодааст.

Ҳабарҳои дигар

14 янв 2022

Дар ш. Рудаки санахои 13-14 январ

Дар ш. Рудаки санахои 13-14 январи соли чори бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати ЧТ ва Суди Олии ЧТ тренинги 2-руза дар мавзуъи “Ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои марбут ба зӯроварӣ дар оила-ҷанбаҳои қонунгузорӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ-иҷтимоӣ” судяхо-коромузон ва кормандони дастгохи суди ташкил ва гузаронида шуд.

17 дек 2021

Тренинги 2-руза дар Рудаки

Дар нохияи Рудаки тренинги 2-руза дар мавзуъи “Машварати ҳуқуқӣ барои гирифторони (ҷабрдидагон) зӯроварӣ дар оила - аз назария то тарҷиба” барои хукукшинсон, параюристон ва кормандони макомотхои дахлдор, ки бо масъалаи зуроварии шахвони-гендери сарукор доранд, ташкил ва гузаронида шуд. Тренинг дар доираи ташаббуси “Нури Рушноӣ” аз тарафи ТЧ “АЗИТ” амалӣ карда мешавад. Ташаббуси “Нури Рушноӣ” як шарикии глобалӣ ва бисёрсола байни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид аст, то ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтаронро то соли 2030 аз байн барад.

Минтақаҳои фаъолият