16 окт 2015

Маслиҳатҳои дуюм ва сеюми мутахассис Раҳматбоева Д.

Маслиҳатҳои дуюм ва сеюми мутахассис Раҳматбоева Д. барои занон дар вилояти Хатлон, бо мақсади таъмин намудани тавсияҳо ва пешниҳодҳои амалӣ оиди ташаккул ва баландбардории сифати маҳсулот моҳи октябри соли 2015 дар клуби Истиқлол шуда гузашт. 

 

Дар вохӯрӣ аз тарафи занҳо корҳо ва маҳсулотҳое, ки аз тарафи занҳо тайёр шуда буданд, пешниҳод гардиданд, онҳо корҳои худро дар техникаҳои гуногун нишон доданд: қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ ва маҳсулотҳои дӯзандагӣ. Занҳо хоҳиши ёд гирифтани мустақилона дӯхтани либоси мактабиро карданд, чунончи либосҳое, ки онҳо мехаранд сифати наонқадар хуб доранд ва барои баъзе аз занон хеле гарон аст. 

 Чунин муаммоҳо ба миён оварда, баҳс карда шуданд: таъмини ҷои корӣ, таъмини таҷҳизот, коркарди қисмҳои технологии либос, корҳои амалӣ оиди кӯтоҳ кардани шим; васеъ кардан ва хурд кардани миёнаи шими мардона; коркард, буридан ва дӯхтани юбкаи мактабӣ, нимостинҳои мардона, дӯхтани рӯйкашҳои болишт, кор бо маҷаллаи «БУРДА».

 Хурсандиовар он аст, ки ба вохӯрии дуюм занони клуб рӯйкашҳои болишт аз рӯи қолиб дӯхта оварданд, ва рӯйкашҳои кӯҳнаро наву базеб карда оро дода оварданд.

Вале боз ба сифати маҳсулот такя карда шуд. Барои аз байн бурдани муаммо эрод гирифта шуд. Ғайр аз ин дар вохӯриҳо масъалаҳои харидани лавозимот ва сифати маҳсулот, шаклҳои нави тарҳрезӣ ва ҳунармандӣ ва фурӯши маҳсулоти тайёр бардошта шуданд.

 Дар мушкилот занон набудани мизу курсӣ, тахта барои дарзмолкунӣ, дарзмолро гуфтанд. Кормандони лоиҳа аз паи дарёфти маблағ барои харидани таҷҳизотҳои лозима шуданд.

 

Лоихаи мазкур дар чахорчубаи барномаи Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд маблаггузори шудааст.

Ҳабарҳои дигар

1 янв 1970

Вохӯрии ҳамкорони лоиҳа

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Бехатарии ҷомеаҳо дар водии Фарғона, ки аз ҷониби ТҶ АЗИТ (ҶТ) дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии Saferworld (Бритонёи Кабир) ва фонди ҷамъиятии «Фонд барои таҳаммулпазирии байналхақӣ» - и (ҶҚ) ва ТҶ МИР (ҶТ) амалӣ карда мешавад, санаҳои 21-22 ноябри 2014 сол дар ш. Бишкеки ҶҚ вохӯрии ҳамкорони лоиҳа барпо гардид.

31 окт 2015

Семинар. Чамъбаст

31 октябри соли 2015 дар Қурғонтеппа барои аъзои кумитаҳои маҳаллаҳо ва дастаҳои занон аз 10 деҳаи ноҳияҳои Бохтар ва Вахш семинар оид ба асосҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият