14 дек 2020

Бахшида ба 75-солагии Созмони Милали Муттахид

14 декабри 2020 дар доираи зерлоихаи бахшида ба 75-солагии Созмони Милали Муттахид (БРСММ) дар Точикистон семинар дар мавзуи "Махаллигардонии Хадафхои рушди устувор, мониторинг ва арзёбии дастовардхои Стратегияи миллии рушд" дар Донишгохи Давлатии шахри Хучанд ба номи академик Бобочон Гафуров бо иштироки донишчуёну омузгорони факултаи забонхои хоричи барпо гардид. Максад аз баргузории чорабинии мазкур ин баланд бардоштани маьрифатнокии чавонон оид ба 75-умин солгарди Созмони Милали Муттахид ва фаьолияти он дар Точикистон мебошад. Дар рафти семинар тренер Арипов Максудчон оиди Хадафхои Рушди Устувор барои солхои 2015-2030 ва оид ба фаъолияти Барномаи Рушди Созмони Милали Муттахид маълумоти мушаххас пешниход намуд.
Инчунин, дар семинар Икром Мамадов, Раиси ташкилоти чамъиятии "Гурухи Чавонон оид ба Хифзи Мухити Атроф" оиди хадафхое, ки дар доираи лоихаи ташкилот амали гардида истодааст, баромад намуд.
Дар анчоми чорабини ба донишчуёни фаьол тухфахои хотирави супорида шуданд.
Чорабинии мазкур дар доираи зерлоиха бахшида ба 75-солагии Созмони Милали Муттахид бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттахид (БРСММ) дар Точикистон аз чониби ташкилоти чамьиятии "Ассотсиатсияи зиёиени илми-техникии Точикистон" баргузор гардид.

Ҳабарҳои дигар

14 апр 2021

Вохӯрии иттилоотӣ дар ҷамоатҳои Исфисор ва Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Вохӯрии иттилоотӣ дар мавзӯи “Чӣ гуна таҷовузкорро шинохтан мумкин аст? Расонидани ёрии аввалия ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ» дар ҷамоатҳои Исфисор ва Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

8 янв 2016

Мизи мудаввар бо ғолибони озмуни грантӣ

8 январ дар маҷлисгоҳи қаҳвахонаи «Хушбахтӣ» шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Суғд–ғолибони озмуни грантӣ дар доираи лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад» баргузор шуд, ки аз тарафи ТҶ АЗИТ бо дастгирии UNICEF амалӣ гардида истодааст, баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият