17 мар 2021
Семинар дар ноҳияи Б. Гафуров, ҷамоати Ҳайдар Усмон
Дар доираи лоиҳаи "Дастгирӣ ва тақвияти Марказҳои Захиравии Занон" дар ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати Ҳайдар Усмон, дар маҳаллаи Кулангир семинар баргузор гардид. Мавзӯи ин семинар "Гендер. Колабҳои шахшудаи гендерӣ ва (но)баробарии гендерӣ" буд. Дар чорабинии мазкур занон ва духтарон ширкат варзиданд. Ҳадаф аз баргузории ин семинар- шинос кардани иштирокчиён бо мафҳуми «гендер», «қолабҳои шахшудаи гендерӣ» ва чӣ гуна муайян кардани баробарӣ / нобаробарии гендерӣ буд.
Кор дар гурӯҳҳои хурд нишон дод, ки занон ва духтарон мавзӯъро хуб аз худ намуда, мисолхо аз ҳаёти воқеии хеш оварданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ТҶ "АЗИТ" бо дастгирии Дафтари Барномавии САҲА дар Душанбе гузаронида шуд.



Ҳабарҳои дигар
17 дек 2021
Дар нохияи Рудаки тренинги 2-руза дар мавзуъи “Машварати ҳуқуқӣ барои гирифторони (ҷабрдидагон) зӯроварӣ дар оила - аз назария то тарҷиба” барои хукукшинсон, параюристон ва кормандони макомотхои дахлдор, ки бо масъалаи зуроварии шахвони-гендери сарукор доранд, ташкил ва гузаронида шуд. Тренинг дар доираи ташаббуси “Нури Рушноӣ” аз тарафи ТЧ “АЗИТ” амалӣ карда мешавад. Ташаббуси “Нури Рушноӣ” як шарикии глобалӣ ва бисёрсола байни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид аст, то ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтаронро то соли 2030 аз байн барад.
12 июл 2021
В рамках проекта "Обучение и активное участие молодежи в жизни сообществ - путь к миротворчеству" молодежными группами целевых районов и городов были созданы короткие видеоролики на социальные темы.