2 дек 2018

Муносибати эҳтиромонаи шавҳар нисбати ҳамсар

Дар доираи маъракаи умумиҷаҳонии “16 рӯзи фаъолиятнокӣ зидди зӯроварӣ нисбати занон” ТҶ “АЗИТ” барои сокинони ҷамоатҳои Сурх, Ворух ва Чорку вохӯриҳои иттилоотӣ дар мавзӯи “Муносибати эҳтиромонаи шавҳар нисбати ҳамсар» ташкил намуд. Дар вохӯрии мазкур нозирони минтақавӣ, имомхатибони ҷамоатҳо оиди ин мавзӯъ буромад намуданд. Мақсади вохӯрӣ – ин иттиллои васеи аҳолӣ оиди муамми хушунати хонаводагӣ ва чӣ тавр оилаи солиму хушбахтро бунёд намудан мебошад. Дар вохурӣ намояндагони гурӯҳҳои ташабусскори ҷамоатҳо, намояндагони маҳаллаҳо, имом хатибон, ҷавонон, занони пешқадами ҷамоатҳо, инчунин заноне, ки ба зӯроварии хонаводагӣ дучор шудаанд, иштирок намуданд. Имом хатибони ҷамоатҳо ба иштирокчиён оиди одоби муносибати зану шавҳар, эҳтироми якдигар аз нигоҳи ислом пешкаш гардиданд. Нозирони минтақавӣ оиди сабаб ва оқибатҳои нохуши зӯроварии хонаводагӣ маълумот доданд. Дар рафти вохӯрӣ бо иштирокчиён оиди мавзӯи мазкур саволу ҷавоб гузаронида шуд, инчунин баъзе ҷавонон оиди никоҳи бармаҳал ва оқибатҳои нохӯшӣ он, ки бо хушунати хонаводагӣ вобаста мебошад, ибрози ақида намуданд.

Чорабинии мазкур аз тарафи ТҶ “АЗИТ” дар доираи лоиҳаи «Оила бе зӯроварӣ» бо дастгирии Сафоратхонаи ИМА амалӣ мегардад.

Ҳабарҳои дигар

9 авг 2010

Презентационные встречи в джамоатах

4 и 5 августа были проведены презентационные встречи в селе Ходжаи аъло, и Сомониён джамоата Чоркух, и в самом джамоате Чорку Исфаринского района.

19 фев 2021

Тренинг ва мастер класс дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров

Санаҳои 17- 18-уми феврали соли равон тренинг ва мастер класс дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров барои баҳрабарандагони лоиҳаи «Омузиш ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеаҳо- роҳ ба суи сулҳофарӣ ва субот» дар мавзуи «Тарзи дурусти аксбардорӣ/наворбардорӣ дар телефонҳои мобилӣ ва омода намудани видеороликҳо оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ» гузаронида шуд.

Минтақаҳои фаъолият