14 окт 2022

Таҳаммулпазирӣ. Намудҳои таҳаммулпазирӣ

12 октябри соли 2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ҷамоати Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров семинар дар мавзӯи «Таҳаммулпазирӣ. Намудҳои таҳаммулпазирӣ» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонони ҷамоат оиди мавзӯъ ташкил карда шуд. Иштирокчиён ҳангоми омӯзиш бо мафҳуми таҳаммулпазирӣ ва намудҳои таҳаммулпазириро шинос шуданд, масъалаҳои марбут ба зӯроварӣ дар оила ва оқибатҳои зӯроварӣ дар оила низ мавриди баррасӣ карданд. Дар рафти семинар усулҳои интерактивӣ, ба монанди кори гуруҳӣ ва ҳуҷуми зеҳнӣ истифода бурда шуданд. Иштирокчиён дар рафти семинар фаъолона иштирок карда, қайд намуданд, ки омӯзиш манфиатнок буд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ТҶ “АЗИТ” бо дастгирии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор мешавад.

Ҳабарҳои дигар

11 май 2014

Сафари шиносоӣ ба Маҷористони болоӣ

Аз 4 то 10 майи 2014 сол гурӯҳи ташкилотҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии Hilfswerk Austria International дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ тавассути пешбарии ташкилотҳои тиҷоратии миёнрав (ТТМ) ва корхонаҳои хурду миёна (КХМ) дар соҳаи саноати хӯрокворӣ» (EcoDev), ки дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо «Осиёи Марказӣ – Иневест III» маблағгузорӣ шудааст, барои истеҳсолгарони маҳаллӣ ва КХМ, намояндагони Вазоратҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон, маъмурияти Минтақаҳои озоди иқтисодӣ сафари шиносоӣ ба Маҷористони болоӣ ташкил карда шуд.

Минтақаҳои фаъолият