28 окт 2010

Барномаи ток-шоуи телевизионӣ

Дар доираи лоиҳаи «Паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба воситаи омўзиш ва таҳсилоти касбӣ», ки аз тарафи Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, барномаи навбатии телевизионии ток-шоу доир ба мавзўи “ Омўзиши касб- талаботи замона” доир гардид.

Иштирокчиёни ток-шоу намояндагони раёсати маориф, раёсати иттифоқи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, раёсати оҷонсии ҳифзи иҷтимоӣ, ҳифзи аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатии вилояти Суғд буданд.

Дар ин ток-шоу масъалаҳои “Оё омўзиши касб талаботи замона аст?”, “Барои гирифтани касби корӣ одамон ба куҷо мераванд?, “Оё барои гирифтани касб дар муассиссаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳама шароитҳо муҳайё аст?” ва ғ. мавриди муҳокима қарор доштанд.

Ток-шоу дар ТВ “Суғд” ба навор гирифта шуда, пахши он санаи 27 октябр доир гардид.

Ҳабарҳои дигар

28 апр 2017

Рӯзи дуюми бизнес тренинг

Имрӯз, дар рӯзи дуюми тренинг оиди “Банақшагирии фаъолияти соҳибкорӣ” иштирокчиён фаъолона ба машғулиятҳо шурӯъ намуданд. Онҳо намунаи бизнес нақшаҳои пешакиро, ки аз тавсифи фаъолият, муносибати маркетингӣ ва нақшаи истеҳсолӣ иборат буданд, пур намуданд.

11 дек 2015

11 декабри соли 2015 вохӯри гузаронида шуд

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулх аз мо оғоз меебад», дар асоси нақшаи корӣ, санаи 11 декабри соли 2015 дар ҷамоати Хистеварз ноҳияи Б.Ғафуров вохӯрии намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ бо ҷавонон гузаронида шуд.

Минтақаҳои фаъолият