11 дек 2015

11 декабри соли 2015 вохӯри гузаронида шуд

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулх аз мо оғоз меебад», дар асоси нақшаи корӣ, санаи 11 декабри соли 2015 дар ҷамоати Хистеварз ноҳияи Б.Ғафуров вохӯрии намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ бо ҷавонон гузаронида шуд. Дар вохӯри намояндагони шӯъбаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б. Ғафуров,  ва 40 нафар чавонон аз гуруҳи мақсадноки лоиҳа иштирок доштанд. Ин вохӯрӣ бо мақсади беҳтар намудани робитаи байни ҷавонон ва ҳокимияти маҳаллӣ буд.то ки чавонон тавонанд ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гиранд ва  муаммоҳои худро дарк намоянд.  Дар вохӯрӣ  муаммоҳои ҷавонон таҳлил карда шуд,  Вохӯрӣ дар сатҳи баланд гузашт. Ҳамаи ҷавонон бисёр хурсанд буда ба ТҶ АЗИТ миннатдории худро оиди ташкили чунин вохӯрӣ баён намуданд. Дар вохӯрӣ намоянда аз ташкилоти ЮНИСЕФ Курбонхӯчаев Юсуфхуча иштирок доштанд.

Ҳабарҳои дигар

28 сен 2021

Зӯроварӣ дар оила

28 сентябри соли 2021 дар ҷамоати Ҳайдар Усмон барои кормандони тиббии маҳаллаи Инкилоб вохӯрии иттилоотӣ баргузор гардид. Мавзӯи ин нишаст "Зӯроварӣ дар оила" буд.

24 апр 2017

Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон

Дар МТМУ №56, ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара, Фестивали дӯстии Тоҷикистону Қирғизистон бо иштироки аҳолии минтақаҳои ҳаммарз баргузор гардид. Ҷамъомади идона бо ташаббуси Ассосиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон дар робита бо Фонди ҷамъиятии "Таҳаммулзарии байналхалқӣ" дар Қирғизистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи тамосии ҷавонон (ГТҶ)-и ҷамоати Сурх дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Кирғизистон" ташкил карда шуд.

Минтақаҳои фаъолият