15 окт 2009

Стратегияи паст кардани сатҳи камбизотӣ дар солҳои 2007 – 2009

Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими вазъияти иҷтимоии аҳолӣ ин сатҳи камбизоатӣ дар дохили кишвар аст. Он на танҳо ба дарки афкори омма, балки ба сохти сиёсати давлатӣ дахлолат мекунад. Дар ҶТ сатҳи рушди иҷтимоӣ - иқтисодӣ, тадбирҳои андешида оиди паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳам ҳадаф ва ҳам воситаи рушди кишвар аст. Пастшавии сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз татбиқи босамараи ин тадбирҳо вобастагӣ дорад.

Стратегияи Паст Кардани Сатҳи Камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои солҳои 2003 – 2005, 2007 – 2009 ва 2010 – 2012 қабул шудааст, баҳри паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва афзоиши суръати рушди кишвар ба воситаи муттаҳидгардонии қувваи давлат ва ташкилотҳои байналхақӣ равона карда шудааст.

ТҶ АЗИТ дар давоми 3 соли охир аз болои ташаккул ва институтсионикунонии мониторинги ҷамъиятии татбиқи самараноки барномаҳои давлатии рушд ё бо ибораи дигар гўем ҷорӣ кардани механизмҳои баландбардории масъулиятнокӣ ва ҳисоботдиҳии сохторҳои давлатӣ оиди фаъолияташон дар самти паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷойҳо ва воситаи таъсирбахшу мустаҳками робитаи дуҷониба аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ кор мебарад. Бо ҳамин мақсад соли 2006 бо ташаббуси АЗИТ Гурўҳи Мусоидгар ба татбиқ ва мониторинги СПКСК таъсис ёфт. Гурўҳи Мусоидгар дар самти пешбарии мониторинги ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани самаранокии татбиқи СПКСК фаъолият мебарад.

Имрўз Гурўҳи Мусоидгар – ин иттиҳодияи мустаҳкам, иборат аз 19 ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошад. Ин ташкилотҳои ҷамъиятӣ таҳти ҳамоҳангсозии АЗИТ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва НТМ (ноҳияҳои тобеи марказ) оиди мониторинги ҷамъиятӣ фаъолият мебаранд. Ҳисоботи мазкур натиҷаи ду марҳилаи мониторинги солҳои 2008 ва 2009, ки аз тарафи Гурўҳи Мусоидгар ба татбиқ ва мониторинги СПКСК гузаронида шудааст, мебошад. Ин ҳисобот рафти татбиқи як қатор тадбирҳоро дар чаҳорчўбаи СПКСК барои солҳои 2007 – 2009 дар бахшҳои «Маориф», «Баробарҳуқуқии гендерӣ», «Ҳифзи саломатӣ», «Амнияти озуқаворӣ» ва «Рушди кишоварзӣ» аз нуқтаи назари намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки дар ҷамъоварии маълумот дар минтақаҳо иштирок кардаанд, инъикос мекунад.

Ҳабарҳои дигар

1 янв 1970

Рӯзи байналхалқии таҳаммулпазирӣ

Санаи 17 ноябри соли 2014, дар деҳаи Хоҷаи Алои ҷамоати Чоркӯҳ, н. Исфара бахшида ба «Рӯзи байналхалқии таҳаммулпазирӣ» чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он тақрибан 120 нафар хонандагону омӯзгорони мактабҳои №24 ва №64 иштирок доштанд.

Минтақаҳои фаъолият