24 июл 2021

Нақши занон дар ҷомеа

Ташкилоти ҷамъиятии "АЗИТ" дар минтакахои мақсадноки лоиҳаи "Тақвият ва дастгирии марказҳои захиравии занон" як қатор ҷаласаҳои иттилоотӣ гузаронид. Дар маҳаллаи “Чашмаи Арзана” -и шаҳри Хуҷанд, дар ҷамоатҳои Исфисор ва Ҳайдар Усмон ҷаласаҳои иттилоотӣ дар мавзӯи “Нақши занон дар ҷомеа” баргузор шуданд. Дар рафти чорабинӣ нақши марду зан дар оила ва ҷомеа баррасӣ шуд. Иштирокчиён дар бораи масъулиятҳои худ дар хона ва оила сӯҳбат карданд. Ҳамчунин, оид ба ҳуқуқи занон, мавқеи занон дар ҷомеа ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила маълумот дода шуд.
Дар чорабиниҳо ҳуқуқшинос ва равоншиноси лоиҳа иштирок намуда, ба саволҳои иштирокчиён оид ба мавзӯи интихобшуда посух доданд.
Чорабинии мазкур аз тарафи ТҶ «АЗИТ» дар доираи лоиҳаи «Маркази захиравии занон» бо дастгирии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ гардид.
#poastiandosce

Ҳабарҳои дигар

23 фев 2017

Комиссияи грантӣ

Ҳадафи баргузории комиссияи грантӣ ин муайян намудани ғолибони лоиҳаҳои хурд, ки қаблан ҳангоми гузаронидани ду марҳилаи семинарҳо аз ҷониби хонандагони мактабҳои мақсадноки ҷамоатҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Б. Ғафуров коркард карда шудаанд

13 июл 2017

Мо гуногун ҳастем, аммо як ҳадаф дорем

Тренинги мазкур, санаи 13 июли соли равон дар шаҳри Хуҷанд дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" бо маблағгузории Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, ки аз тарафи Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон амалӣ мешавад, баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият