19 янв 2010

Лоиҳаи муштараки HelpAge International ва АЗИТ

Лоиҳаи «Васеъ кардани дастрасии одамони куҳансол ба хизматрасонии ҳифзи иҷтимоӣ ва нигаҳдории тандурустӣ бо роҳи ташкили моделҳои самара-бахши шарикии иҷтимоӣ ва иштироки ҷамъияти шаҳрвандӣ дар равандҳои инкишоф» 

Дар доираи сармоягузории Комиссияи Аврупо лоиҳаи нави муштараки HAI ва АЗИТ оид ба «Васеъ кардани дастрасии одамони куҳансол ба хизматра-сонии ҳифзи иҷтимоӣ ва нигаҳдории тандурустӣ бо роҳи ташкили моделҳои самарабахши шарикии иҷтимоӣ ва иштироки ҷамъияти шаҳрвандӣ дар равандҳои инкишоф» ҷорӣ карда мешавад.

Лоиҳа дар ноҳияи Ашти вилояти Суғди Тоҷикистон дар доираи 18 моҳ амал мекунад.

Татбиқи лоиҳаро Help Age International (HAI) ва Ассотсиатсияи Зиёи-ёни илмию техникӣ (ASTI) амалӣ мегардонад. Лоиҳа аз ҷониби Комиссияи Ав-рупо сармоягузорӣ мешавад. Буҷаи умумӣ 91.482.75 €-ро ташкил мекунад. Мақсади асосии лоиҳа паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби рушди босубот аст;

- Кам кардани фақр байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби рушди босубот;

- Интегратсияи одамони куҳансол ба ҷамъият, ки дар он онҳо имкони бо ҳам дидани дониши андӯхтаашон ва ҳуқуқи овоз дар раванди инкишоф дар сатҳи маҳаллӣ ва ҳангоми қабули қарорҳо оид ба масоили сиёсӣ пайдо мекунанд;

- Шабакаи ТҶШ-и касбии бо имкониятҳои нисбатан васеъ, барои намояндагӣ ва сафарбар кардани шаҳрвандон, дар раванди инкишоф ва таҳияи сиёсат ширкат меварзад ва дар шарикӣ кор мекунад.

Барои ноил гардидан ба натиҷа дар давоми 18 моҳ фаъолияти лоиҳа ба 28 ку¬митаҳои маҳаллаи мақсаднок дар 4 ҷамоат – Шайдон, Кирк-Қудуқ, Ошоба, Қамиш-қӯрғони ноҳияи Ашт мутаваҷҷеҳ карда мешавад ва корҳои зеринро таъмин мекунад:

- Ба одамони куҳансол пешниҳод кардани иттилоот ва ба онҳо омӯзонидани ҷамъоварии иттилоот дар бораи дастрасӣ ба хизмату имтиёзҳои асосӣ, аз ҷумла дар бораи татбиқи Стратегияи Миллии рушд ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ҳамчунин ба мақомоти ҳукумати маҳаллӣ ва таҳвилгарони хизмат пешниҳод кардани маълумоти мазкур;

- Омӯзонидан ва дастгирӣ кардани мақомоти маҳаллии ҳукумати ноҳияи Ашт ҳини таҳияи механизмҳое, ки ба онҳо имкон медиҳад ба масоиле воку-ниши самарабахш нишон диҳанд, ки одамони куҳансол ва дигар гурӯҳҳои осеб-пазири аҳолӣ дучор мешаванд;

- Ба аъзои кумитаҳои маҳалла омӯзонидани муайян кардани осебпазирии ҷомеаҳои қашшоқ ва деҳот, ҳамчунин истифодаи захираҳои маҳаллӣ барои во-куниш ба масоиле, ки аъзои қатории ҷамъият ба онҳо сарукордор мешаванд.

Натиҷаҳои чашмдошти ин лоиҳа:

- Гурӯҳҳои шаҳрвандони куҳансол ташкил карда шудаанд, ки мониторинги да-страсии шаҳрвандони куҳансолро ба хизмату захираҳои асосӣ амалӣ мегардо-нанд;

- Баланд шудани потенсиали сохторҳои маҳаллии давлатӣ барои кор дар шарикӣ бо ҷомеа ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ҳини ҳалли масоили камбизоатӣ ва ҷудо кардани онҳо;

- Баланд шудани потенсиали сохторҳои анъанавии ҷомеавӣ (кумитаи маҳалла) оид ба ошкор сохтану вокуниши бавосита ба эҳтиёҷоти гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ.

Ҳабарҳои дигар

Минтақаҳои фаъолият