8 окт 2006

Институтҳои иҷтимоӣ ва рушди ҷомеаҳои деҳоти Тоҷикистон (соли 2004)

Институтҳои (ниҳодҳои) иҷтимоӣ ё институтҳои одамон самти навест, ки нишондиҳандаи яке аз характеристикаҳои муҳимтарини гузариши мамлакат ба равандҳои Рушд мебошад.

Маҳз ба ҳамин сабаб мо ба сифати ҷанбаи муҳимтарин чунин лаҳзаҳоро, мисли муайян кардани характер ва дараҷаи таъсири институтҳои (ниҳодҳои) иҷтимоӣ ба Рушди ҷомеаи деҳот мавриди омӯзиш қарор додем. Тадқиқоти мо нишон дод, ки институтҳои (ниҳодҳо) навтаъсис ба раванди рушди ҷомеаҳои деҳот таъсири мусбати назаррас мерасонанд. Ин ба туфайли ба равнади ташаккули институтҳо (ниҳодҳо) бо назардошти вижагҳои маҳаллӣ сари вақт ва мутаносиб нишон додани вокуниш аз ҷониби ҳамаи бозингарони асосӣ – донорҳо, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, мақомоти ҳукумати маҳаллӣ, худӣ, аъзои ҷомеаҳо имконпазир гардид.

Ҳамин тариқ, мақсади тадкиқоти мо иборат буд аст:

- Муайян кардани характер ва дараҷаи таъсири институтҳои (ниҳодҳои) навтаъсиси иҷтимоӣ ба раванди рушди ҷомеаҳои деҳот бо назардошти қаринаи (контексти) махаллии минтақавӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои такмили фаъолияти онҳо барои беҳтар намудани ҳаёти сокинони деҳот

Тадқиқоти ба субубрасонидаи мо нишон дод, ки институтҳои (ниҳодҳои) иҷтимоӣ чун ҷазираҳои диду фаҳмиши нави равандҳое мебошанд, ки имрӯз дар ҳаёти ҳар як узви ҷомеа ба вуқӯъ мепайванданд. Онҳо метавонанд ба ҳамдиёрони худ донишу малакаҳоеро диҳанд, ки барои ба шароити бозоргонӣ хубтар мувофиқ шудан, баланд бардоштани некӯаҳволии оилаҳои худ фаҳмидани он нукта, ки беҳтар кардани ҳаёт аз бисёр ҷиҳат ба худи онҳо вобаста аст, имконият медиҳанд.

Дар назди институтҳои (ниҳодҳои) иҷтимоӣ ва дигар иттиҳодияҳои сектори шаҳрвандӣ кори зиёд истодааст. Ҳаёт пеш мераванд ва саъю кӯшиши ҳамаи тарафҳои манфиатдор – худи аъзои ҷомеаҳои деҳот, донорҳои байналхалқӣ ва намояндагони сохторҳои давлатӣ ба беҳтар кардани ҳаёти шаҳрвандони Тоҷикистон равона карда шудааст.

Ҳабарҳои дигар

2 дек 2018

Муносибати эҳтиромонаи шавҳар нисбати ҳамсар

Дар доираи маъракаи умумиҷаҳонии “16 рӯзи фаъолиятнокӣ зидди зӯроварӣ нисбати занон” ТҶ “АЗИТ” барои сокинони ҷамоатҳои Сурх, Ворух ва Чорку вохӯриҳои иттилоотӣ дар мавзӯи “Муносибати эҳтиромонаи шавҳар нисбати ҳамсар» ташкил намуд.

13 янв 2020

Марҳилаи нави Барномаи омӯзишии «ПЕШСАФ»

Марҳилаи нави Барномаи омӯзишии «ПЕШСАФ» байни наврасону ҷавонони аз 14 то 18 сола зери мавзӯи «Инкишофи донишу малакаҳои замонавии наврасон ва ҷавонон», ки дар давоми 4 рӯз дар Озмоишгоҳҳои инноватсионии ноҳияҳои мақсадноки лоиҳа: Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Деваштич баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият