11 сен 2020

Пандемия ҳамчун сабаби афзоиши зӯроварии хонаводагӣ

Паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, алалхусус дар вилояти Суғд, боиси афзоиши ҳолатҳои хушунати хонаводагӣ гардид. Яке аз сабабҳои зуҳури хушунат дар оилаҳо ин пандемия мебошад. Ҳамин тарик, тачриба нишон дод, ки стресс, хашмгини, вахму вохима байни мардум бештар гардида истодааст.
Мавзӯе, ки интихоб шуд, ин: "Пандемия ҳамчун сабаби афзоиши зӯроварии хонаводагӣ" буда, боиси мухокима гардид. Вохурии иттилооти хамрохи 60 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд (ДДХ), кафедраи психология ва тарбияи томактабиро гузаронида шуд. Дар вохурии мазкур донишҷӯёни курсҳои 2-4 ширкат варзиданд. Фасилитаторон методи ҳучуми зеҳниро истифода бурда, ба иштирокчиёни вохурӣ инчунин мисолҳои хаётӣ оварданд. Боиси хурсандист, ки донишҷӯён / равоншиносони оянда, дар тачрибахои касбии хеш барои пешгирии муаммои зуроварии хонаводаги ва хал намудани онхо кушиш ба харч медиханд.
Бо максади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 барои иштирокчиён ниқобҳо бо нишони донор ва маҳлулҳои антисептикӣ такдим гардиданд.
Чорабинии мазкур аз тарафи ТҶ «АЗИТ» дар доираи лоиҳаи «Маркази захиравии занон» бо дастгирии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ гардид.

Ҳабарҳои дигар

15 ноя 2010

Встреча с молодёжью села Ходжаи Аъло в школе №24

12 ноября состоялась ещё встреча с молодёжью села Ходжаи Аъло в школе №24. В результате встречи по безопасности сотрудники проекта хотели удостовериться, что молодёжь полностью понимает процесс безопасности сообществ.

22 ноя 2015

Гӯштини камарбандй

22-ноябри соли 2015 дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад» бо маблағгузории UNICEF дар Амфитеатри ҷамоати Унҷӣ Қасри Арбоби ноҳияи Б.Ғафуров чорабинии байнисарҳадӣ мусобиқаи кушоди «Гӯштини камарбанд» дар байни ҷавонон ва калонсолони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Минтақаҳои фаъолият