30 май 2014

Семинар дар мавзӯи «Банақшагирии фаъолият»

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Қувваи занон дар клуби занон. Ошнокунонии таҷрибаи шимол ба ҷануби Тоҷикистон» дар ду ноҳияҳои вилояти Хатлон барои занони 10 клуби занон семинар дар мавзӯи «Банақшагирии фаъолият» ба охир расид. Лоиҳа аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон дар чаҳорчӯбаи барномаи «Кӯмаки лаҳистон» дастгирӣ шудааст. Семинарҳо аз 6 то 15 апрели 2014 сол барпо гардиданд.

Дар ин семинарҳо занон хеле фаъолона иштирок карданд ва умед карданд, ки грантҳо хурд ба клубҳо навтаъсис даромад меоранд, занон бошанд, сифати зиндагии худро беҳтар мекунанд.

Клуби «Гулчини Мӯҳтарама»

Дар деҳаи Фидокор 1500 хонавода зиндагони мекунанд. Зиёда аз 50% аҳолиро занон ташкил медиҳанд. Воситаи асосии даромади мардуми ин деҳа ин муҳоҷирати меҳнатӣ (тақрибан 70% мардон дар муҳоҷират мебошанд) ва кишоварзӣ мебошад. Занон бо деҳқонӣ машғуланд: асосан бо пахтакорӣ. Занони клуби «Гулчини Мӯҳтарама» - ин занон бо маълумоти миёна. Танҳо як нафар зан маълумоти олии нопурра дорад. Синну соли занони ин клуб аз 33 то 61 соларо ташкил медиҳад. Ҳамаи занон вобаста ба малакаашон ба клуб ҷамъ омадаанд  - малакаи дӯхтан ва гулдӯзӣ кардан. Ин занон зиёда аз 10 сол кори умумӣ доштанд: либосдӯзию гулдӯзӣ мекарданд, вале онҳо дар як клуб сарҷамъ набуданд.

Барои кори самаранок, гирифтани даромади зиёд ва беҳтар намудани сифати маҳсулот ба ин занон мошинаҳои дарздӯзии замонавӣ норасоӣ мекунад. Семинар оиди банақшагирии фаъолият барои занон муфид ва саривақт буд. Онҳо қарор карданд, ки 6 мошинаи дарздӯзӣ ва як мошинаи оверлок дастрасӣ кунанд.

Инчунин занон қарор карданд, ки барои фаъолияти боз ҳам самаранок дар фасли зимистон барои гарм кардани коргоҳи дӯзандагӣ таҷҳизоти гармкунанда лозим аст. Мошинаҳои дарздӯзӣ дар хонаи роҳбари клуб насб карда мешавад.

Клуби «Орзу»

Дар деҳаи хушвақт зиёда аз 327 хонавода умр ба сар мебаранд. Зиёда аз 60% аҳолиро мардон дар муҳоҷират мебошанд. Занон бо кишоварзӣ машғуланд: асосан бо пахтакорӣ. Занони клуби «Орзу» - ин занони бо маълумоти миёна мебошанд. Синну соли аъзоён аз 43 то 63 соларо ташкил медиҳад. Ҳамаи ин занон вобаста ба камбизоат будан ва шавҳар надоштанашон сарҷамъ шудаанд. Аз давраҳои қадим мардуми ин қишлоқ бо парвариши картошка ва помидор машғул буданд. Алҳол парвариши картошка кам шудааст, зеро аксарияти мардҳои қобили меҳнат нестанд ва бозори фурӯш низ вуҷуд надорад. Занони ин клуб дар марҳилаи қаблии лоиҳа мошинаҳои дарздӯзӣ харида буданд ва ҳоло бошад, он камее даромад оварда истодааст.  Барои пурра намудани хазинаи худ занони ин клуб имсол қарор карданд, ки бо чорводорӣ машғул шаванд, онҳо фикр мекунанд, ки нигоҳубини чорво имконият медиҳад, ки  даромаднокии клуб зиёд шавад ва оилаҳо бо шир ва маҳсулоти ширӣ таъмин мешаванд.

Клуби «Сайёра»

Дар деҳаи Киров зиёда аз 200 хонавода зиндагонӣ мекунад. Аз онҳо зиёда аз 60% дар муҳоҷират мебошанд. Занон ва мардо деҳқонӣ мекунанд; асосан бо пахтакорӣ ва парвариши қулфинай машғуланд. Қисми зиёди аҳолӣ занон мебошанд ва онҳо 70%-ро ташкил медиҳанд. Занони клуби «Сайёра» маълумоти миёна доранд. Синну соли онҳо аз 26 то 53 сола мебошад. Ин деҳа аз азал минтақаи кишоварзӣ мебошад, аҳолӣ асосан бо парвариши қулфинай, сирпиёз ва гандум машғул аст. Дар заминҳои назиҳавлигӣ занон сабзавот, кабудӣ ва қулфинай парвариш мекунанд, аммо шароити обу ҳаво имконият намедиҳад, ки такроран парвариш кунанду даромаднокиро зиёд кунанд. Аз сабаби он ки деҳа аз маркази ноҳия ва шаҳр дур аст, занон барои ҷустуҷӯи дӯзандаи моҳир мушкилӣ мекашанд, норасогии таҷҳизот имконият намедиҳад, ки ба духтарон ва арӯсони худ малакаи дӯзандагиро омӯзанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта занон қарор карданд, к ибо дӯзандагӣ машғул шаванд ва малакаи дӯзандагиро омӯзанд. Дар баробари ин онҳо мехоҳанд қитъаи заминро бо масоҳати 10 сотиқ ба иҷора гирифта бо парвариши ҷуворимакка машғул шаванд. Иҷораи қитъаи замин 200 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ғайр аз барои харидани 5кг тухмӣ ва нуриҳо маблағ лозим аст. Пас аз ҷамъи ҳосили ҷуворимакка занон мехоҳанд, ки дар ҳамин қитъаи замин барои чорво хӯрока коранд. Аз рӯи ҳисобот даромади гирифта аз хароҷот 5 маротиба зиёд мешавад.

Клуби «Ахтарон»

Дар деҳаи Пролетар зиёда аз 2000 хонавода зиндагонӣ мекунанд. Зиёда аз 80% аҳолӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, ки манбаи асосии даромадро ташкил медиҳанд. Занон бо кишоварзӣ машғуланд, асосан бо пахтакорӣ. Занони клуби «Ахтарон» - ин занони соҳиби маълумоти миёна мебошанд. Синну соли онҳо аз 21 то 55 соларо ташкил медиҳад. Ҳамаи занони вобаста ба малакаи дӯзандагиашон  ба як клуб сарҷамъ шуданд. Занон тахмин мебаранд, ки агар мошинаҳои дарздӯзии тамғаи «Чайка», ки вазифаҳои зиёдро иҷро мекунад, оверлокро дастрас кунанд, даромади онҳо бештар мегардад, зеро касби дӯзандагӣ дар ин минтақа хеле рушд ёфтааст ва талаботи зиёд дорад. Аксарияти занон аз сабаби набудани коргоҳҳои дӯзандагӣ маҷбур ҳастанд, ки барои дӯзонидани либос аз ба дигар деҳа раванд. Таъсиси коргоҳи дӯзандагӣ дар ин макон сатҳи зиндагии занони дар коргоҳи дӯзандагӣ кор мекарда ва инчунин дигар қисми аҳолии ин минтақаро беҳтар мекунад. Ҳамаи ин вазъиятро ба назар гирифта занон қарор карданд, ки як коргоҳи дӯзандагӣ таъсис диҳанд. Барои ин бояд панҷ мошинаи дарздӯзӣ, як мошинаи оверлок ва як мошинаи дарздӯзии тамғаи «Чайка» - ро бояд харид.

Клуби «Шукрона»

Дар деҳаи Мопр 350 хонавода зиндагонӣ мекунанд. 50% - и аҳолиро занон ташкил медиҳанд. Воситаи асосии даромади аҳолӣ муҳоҷирати меҳнатӣ ва кишоварзӣ  мебошад. Занони клуби «Шукрона» соҳиби маълумоти миёна мебошанд. Синну соли аъзоёни клуб аз 25 то 73 сола мебошад. Аъзоёни ин клуб вобаста ба камбизоат ва шавҳар надоштанашон сарҷамъ шудаанд. Аз давраҳо қадим мардуми ин деҳа бо парвариши картошка ва помидор машғул буданд. Аз сабаби он ки алҳол қувваи мардон норасоӣ мекунад ва бозори фурӯш вуҷуд надорад аҳолӣ аз парвариши ин сабзавот даст кашиданд. Бо ҳамин сабаб занон қарор карданд, к ибо дӯзандагӣ ва гулдӯзӣ машғул шаванд. Онҳо фикр мекунанд, ки духтарон ва занони ҷавони деҳа бояд малакаи дӯзандагӣ ва кори дастии занонаро аз худ кунанд. Аксарияти занон маҷбур ҳастанд, ки аз сабаби набудани мошинаи дарздӯзӣ ё дӯзандаи моҳир барои дӯзонидани либос аз ҳудуди деҳаашон берун бароянд. Ҳамаи ин омиоҳоро ба назар гирифта занон қарор карданд, ки шаш мошинаи дарздӯзӣ ва як оверлок харидорӣ намоянд.

Клуби «Дугонаҳо»

Дар деҳаи Хурсанди ҷамоати Меҳнатобод зиёда аз 2600 нафар аҳолӣ зиндагонӣ меунанд. 80% аҳолӣ дар муҳоҷират мебошанд. Занон бо кишоварзӣ машғуланд, асосан бо пахтакорӣ. Занони клуби «Дугонаҳо» соҳиби маълумоти миёна ва миёнаи нопурра мебошанд. Синну соли аъзоёни клуб аз 35 то 45 соларо ташкил медиҳад. Ин клуб аз ҳама дертар таъсис дода шуд, аммо ба ин нигоҳ накарда онҳо бомуваффақиятона фаъолият мебаранд. Занони клуби мазкур вобаста ба малакаи дӯзандагӣ ва гулдӯзиашон сарҷамъ шудаанд. Дар марҳилаи қаблинаи лоиҳа занони ин клуб коргоҳи дӯзандагӣ таъсис доданд ва мошинаҳои дарздӯзии дастӣ хардидорӣ карда буданд. Онҳо асосан бо дӯхтани борхалта барои фурӯш машғул буданд. Вале аз сабаби норасогии мошинаи дарздӯзии дорои вазифаҳо боз ҳам мушкил (тамғаи «Чайка») ва мошинаи оверлок занони клуб имконият надоштанд, ки бо дӯхтани либос машғул шаванд. Аз ҳамин сабаб занон қарор карданд, ки дар чаҳорчӯбаи ин барномаи коргоҳи худро бо мошинаи дарздӯзии замонавӣ таъмин намоянд ва ҳамин даромаднокиро зиёд кунанд, зеро ин касб дар ин минтақа хеле рушд ёфтааст ва талабот зиёд аст. Аз сабаби набудани коргоҳи либосдӯзӣ аксарияти занон маҷбур ҳастанд, ки барои дӯзонидани либос аз ҳудуди деҳаашон берун раванд.   Таъсиси коргоҳи дӯзандагӣ дар ин минтақа сатҳи зиндагонии занони дар коргоҳи дӯзандагӣ кор мекарда ва дигар аҳолиро беҳтар мегардонад.

Клуби «Истиқлол»

Дар деҳаи Комсомол зиёда аз 6000 нафар аҳолӣ зиндагонӣ мекунанд. 70% аҳолӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Занон бо кишоварзӣ машғуланд, бахусус бо пахтакорӣ. Занони клуби «Истиқлол» - ин занон бо маълумоти миёна мебошанд. Синну соли онҳо аз 25 то 52 соларо ташкил медиҳад. Асосан ҳамаи онҳо бо парвариши сабзавот машғул ҳастанд. Занон дар заминҳои наздиҳавлигӣ сабзавот ва кабудӣ парвариш мекунанд. Дар марҳилаи қаблинаи лоҳа занон ба маблағи гранти хурд чорвои калони шохдор харидорӣ карда буданд, амма то ҳол он гӯсола таваллуд накардааст. Пас аз муҳокимаи тӯлонӣ занон қарор карданд, ки барномаи чорводориро давом диҳанд в аду гӯсоларо харидорӣ намуда ба оилаи ниёзманди клуб супоранд: Ҳошимова Оваро ва Маҳмадалиева Гулбарг. Ин занон аз рӯзи авали таъсиси клуб аъзо мебошанд ва бисёр фаъол мебошанд. Инчунин ин занон дар хонаи худ чорво надоранд. Оваро якчанд сол қабл писари худро аз даст дод. Ӯро дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба қатл расонида буданд. Ӯ худ нафақахур аст ва аз сабаби саломатиаш ягон чизро дӯхта ё гулдӯзӣ карда наметавонад.

Клуби «Умед»

Дар деҳаи Янгитурмуш зиёда аз 400 хонавода зиндагонӣ мекунанд. 90% мардони деҳа дар муҳоҷирати меҳзнатӣ мебошанд, ки сарчашмаи асосии даромади аҳолии деҳа мебошад. Занон бо кишоварзӣ машғуланд, асосан бо пахтакорӣ. Занони клуби «Умед» - ин асосан занони соҳиби маълумоти миёна мебошанд. Синну соли аъзоёни клуб аз 35 то 62 сола мебошад. Солҳои охир пахтакорӣ дар деҳа хеле заиф гардид ва даромади кофӣ намеорад. Пахтаи ҷамъовардаро занон ба иҷорадеҳон месупоранд, танҳо ғӯзапояи он ба худашон боқӣ мемонад, ки он сӯзишвории асоси ба шумор меравад. Дар заминҳои наздиҳавлигӣ занон сабзавот ва кабудӣ парвариш мекунанд, вале шароити номусоиди обу ҳаво имконият намедиҳад, ки навъи барвақти онҳоро, ки даромади зиёд меорад, парвариш кунанд. Дар марҳилаи қаблинаи лоиҳа занон барои гармхона масолеҳи сохтмон харидорӣ карда буданд. Дар фасли тирамоҳ тухмии помидор ва бодирингро коррида буданд. Аммо зимистони имсола хеле сард омад ва қисми ҳосил нобуд гардид. Занон дар охири фасли зимистон фавран бори дигар аз ҳисоби хазинаи худ тухмӣ харида кориданд. Занон аллакай қисми ҳосили ҷамъовардаашонро фурӯхтанд ва дар нақша доранд, ки барои дигар аъзои клуб як гармхона сохта диҳнд. Пас аз пурра фурӯхтани ҳосил занон дар нақша доранд, ки боз як гармхона бунёд намоянд.

Дар чаҳорчӯбаи барномаи гранти хурд имсол занон мехоҳанд, ки барои боз як гармхона масолеҳи сохтмон дастрас кунанд. Дар баробари ин онҳо мехоҳанд, ки барои духтарон ва занони ҷавони деҳа курси омӯзишии дӯзанда таъсис диҳанд.

Клуби «Хурсанд»

Дар деҳаи Сари пули 1 зиёда аз 200 хонавода зиндагони мекунад. 90% мардони деҳа дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд. Занон бо кишоварзӣ асосан бо пахтакорӣ машғуланд. Занони клуби «Хурсанд» - ин занони соҳиби маълумоти миёна мебошанд.синну соли аъзоёни клуб аз 26 то 59 соларо ташкил медиҳад. Дар заминҳои наздиҳавлигӣ занон сабзавот ва кабудӣ парвариш мекунанд. Дар марҳилаи қаблинаи лоиҳа занон чорвои калони шохдор харидорӣ карда буданд, ки он соҳиби гӯсолача гашт. Гӯсолача ба роҳбари клуб Маълумбӣ боқӣ монд, чорвои калони шохдорро ба Манзура супориданд. Манзура зани ҷавон, аз шавҳараш талоқшуда мебошад ва соҳиби як духтарча мебошад. Манзура саводе надошт, вале талоқ бо шавҳар сабаби гирифтани маълумот гардид. Вақтҳои охир ӯ дар бозор либосҳои бачагона мефурӯхт, афсӯс дар бозор сӯхтор рӯй дод ва молҳои ӯ сӯхтанд. Ӯ барои барқарор кардани кори тиҷоратии худ қарз гирифт. Дар вақти гузаронидани семинар фикрҳо зиёд буданд, вале занон ба хулоса омаданд, ки барномаи чорвопарвариро идома диҳанд ва як чорвои калони шохдор харидорӣ карда ба Саидалиева Навраса супоранд. Ба наздики арӯси ӯ пас аз таваллуд кардан вафот кард. 

Лоихаи  мазкур дар чахорчубаи  барномаи  Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд  маблаггузори  шудааст 

Ҳабарҳои дигар

28 апр 2017

Кани духтарҳо

Санаи 28 апрел дар мактаби 24 деҳаи Хоҷаи Аълои ш. Исфара бо иштироки духтарони ҳамсоякишварҳо чорабинии «Кани духтарҳо» баргузор гардид. Чун рамзи пойдории дустии тоҷику қирғиз ташаббускорон меҳмононро зери суруди қирғизӣ бо ҳавои рақс пешвоз гирифтанд.

27 авг 2016

Семинар для представителей милиции и общественности

В рамках проекта «Взаимодействие милиции с общественностью», реализуемого ОО АНТИ при поддержке международной организации Saferworld, 27-го августа в конференц-зале кафе «Хушбахти» г.Худжанда был проведен семинар на тему «Определение проблем безопасности, приоритизация, анализ и разработка плана-профилактики»

Минтақаҳои фаъолият