7 сен 2015

Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад» дар ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳри Исфара оғоз намуд

Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии UNICEF аз моҳи сентябри соли ҷорӣ лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад» дар ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳри Исфара оғоз   намуд

Лоиҳа се самтҳоро дарбар мегирад

- Баланд бардоштани маҳорати шахсӣ ва байни шасхӣ ҷавонони аз синни 15 то 24 сола, баланд бардоштани маҳорат ва малака дар қаблуи қарорҳо, ва баланд бардоштани дониши ҷавонон оиди пешгирӣ, кам кардан ва мубориза бо шиддатнокӣ ва мусоидат ба сулҳ бо пешбарии таҳаммулпазирӣ байни ҷавонон. Дар чаҳорчӯбаи ин самт ба нақша гирифта шудааст: гузаронидани вохӯриҳои ноҳиявӣ, ҷамъ намудани 200 нафар ҷавонписарон ва ҷавондухтарон аз ноҳияи  Б.Ғафуров ва 200 нафар аз шаҳри Исфара, гузаронидани семинар-машваратҳо барои ҷавонон, гузаронидани мусобиқаҳои дебатӣ байни ҷавонон, гузаронидани вохурии ниҳоӣ барои 80 нафар ҷавонон;

- Омӯзиши ҷавонон оиди гузаронидани тадқиқот ва таҳлил барои муайян намудани манбаъҳои воқеии шиддат, пайдо кардани роҳҳои ҳаллӣ шиддатнокӣ ва мусоидат ба таҳаммулпазирӣ (гузаронидани семинар-машварат барои тренерон, омӯзиши ҷавонон оиди гузаронидани тадқиқот ва таҳлил барои муайян намудани муаммоҳои ҷавонон, гузаронидани озмуни грантҳои хурд ва муайян намудани Ғолибони он, дастгирии молиявии грантҳои хурд барои паст кардани сарчашмаи шиддатнокӣ ва пешбарии таҳаммулпазирӣ, гузаронидани мизи мудаввар оиди ҳамкории ҷавонон бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои татбиқи грантҳои хурд);

- Мусоидат намудан барои баланд бардоштани потенсиали ҳокимияти маҳаллӣ оиди таҳаммулпазирӣ ва пешгирии шиддатнокӣ (гузаронидани вохӯриҳо бо намояндагони ҳокимиятҳои маҳаллӣ, гузаронидани семинар-машваратҳо барои баланд бардоштани потенсиали кормандони ҳокимиятҳои маҳаллӣ, банақшагирӣ ва гузаронидани чорабиниҳои байнисарҳадӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳри Исфара бо нақша-чорабиниҳои ҳокимияти маҳаллӣ мутобиқ карда шуда).

Ҳабарҳои дигар

2 фев 2022

Санаи 1 феврали соли чори дар нохияи Б. Гафуров

Санаи 1 феврали соли чори дар нохияи Б. Гафуров вохурии иттилооти бо иштироки кормандони милитсияи нохия ташкил карда шуд. Максади асосии вохурии ин баланд бардоштани маълумотноки ва хассосияти гендери доир ба масъалахои марбут ба зуроварии шахвони-гендери буд. Вохурии мазкур дар доираи ташаббуси “Нури Рушноӣ” аз тарафи ТЧ “АЗИТ” амалӣ карда шуд.

30 авг 2022

Макоми зан дар чомеа

«Макоми зан дар чомеа» тахти чунин мавзу дар чамоати Хистеварзи нохияи Б.Гафуров вохурии иттилооти баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият