30 май 2014

Барномаи ташрифи мубодилавӣ

30 майи 2014. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Қувваи занон дар клуби занон. Ошнокунонии таҷрибаи шимол ба ҷануби Тоҷикистон» барномаи ташрифи мубодилавӣ ба охир расид. 4 нафар мушовир аз 3  клубҳои занони вилояти Суғд ба вилояти Хатлон барои ошнокунонӣ бо таҷриба ва малакаи худ ба аъзоёни клубҳои занон ташриф оварданд.

Дар давоми ду рӯз, яъне 4 ва 5 майи 2014 сол занон ба 10 клубҳои занон ташриф оварданд, оиди фаъолияти КЗ дар вилояти Хатлон маълумот гирифтанд, онро таҳлил намуда, аз ҳаёти КЗ дар шимоли кишвар мисол оварда, маслиҳатҳои мувофиқ вобаста ба вазъияти гурӯҳ доданд. Ҷадвали вохӯрӣ ва мавзӯи маслиҳат бо аъзоёни клубҳо қаблан муҳокима карда шуданд.

Лоихаи  мазкур дар чахорчубаи  барномаи  Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд  маблаггузори  шудааст 

Ҳабарҳои дигар

29 ноя 2022

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

16 июн 2017

Чорабиниҳои муштараки ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон тақвият меёбанд

Ғояҳои мазкур, ҳанӯз дар истироҳатгоҳи фаромарзии серӯза, ки дар моҳи май доир шуда буд, ба нақша-чорабиниҳои мавҷуда зам гардиданд. Дар доираи нақша баргузории шанбегӣ, намоишномаи аксҳо ва саёҳат ба ҷойҳои таърихии Хуҷанд низ дар назар дошта шудааст.

Минтақаҳои фаъолият