29 июл 2010

Барномаи Тадқиқот ва Эдвокаси

Барномаи Тадқиқот ва Эдвокасии АЗИТ аз соли 2007 амалӣ гардонида ме-шавад. Дар ин муддат дар доираи барнома як қатор тадқиқот иҷро карда шуд, ки ба омӯзиши масоили камбизоатӣ ва самарабахшии амалигардонии барномаҳои рушд нигаронида шуда буданд. Минбаъд натиҷаҳои ин тадқиқот асоси фаъолияти лоиҳавии ташкилот гардиданд. Амалигардонии ҷузъи (ком-поненти) Эдвокасии барнома аз соли 2006 оғоз ёфт, вақте ки АЗИТ зарурати таъсирро ба макросатҳ бо мақсади тақвияи овоз ва нақши Ҷамъияти Шаҳрвандӣ дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат эҳсос кард.

Дар ҳоли ҳозир фаъолияти барномаи тадқиқот ва Эдвокаси ба пешбурди иштироки Ҷамъияти Шаҳрвандӣ дар гузаронидани мониторинг и рафти ама-лигардонии барномаҳои рушд; гузаронидани арзёбии самарабахшии барно-маю лоиҳаҳои амалигарданда; таҳияи гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ оид ба баланд бардоштани иттилоънокии аҳолӣ; гузаронидани тадқиқот оид ба масъалаҳои камбизиотию рушд мутаваҷҷеҳ гардидааст.

Ҳабарҳои дигар

1 янв 1970

Рӯзи байналхалқии таҳаммулпазирӣ

Санаи 17 ноябри соли 2014, дар деҳаи Хоҷаи Алои ҷамоати Чоркӯҳ, н. Исфара бахшида ба «Рӯзи байналхалқии таҳаммулпазирӣ» чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он тақрибан 120 нафар хонандагону омӯзгорони мактабҳои №24 ва №64 иштирок доштанд.

28 янв 2017

Семинар барои ҷавонон баҳри татбиқи ғояҳои пешниҳодгардида

Мақсади тренинг – ин баланд бардоштани неруи хонандагони синфҳои болоӣ оиди таҳияи ғояҳо ва омода намудани лоиҳаҳои хурд мебошад. Барои ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда тренерон дар назди худ вазифа гузоштанд, ки иштирокчиёни тренингро бо хусусиятҳои хоси коркарди ғояҳои лоиҳавӣ, ташаккули малакаи муайян намудани муаммоҳо ва сабабҳои пайдоиши онҳо ва ба наврасон омӯзонидани малакаҳои банақшагирӣ – роҳ аз муаммо то ба ҳалли он ошно созанд.

Минтақаҳои фаъолият