24 фев 2020

Курсҳои қаннодии касбӣ барои занон

Аз 21-уми феврали соли ҷорӣ дар ҷамоатҳои Шаҳрак ва Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои занҳо аз оилаҳои осебпазир курсҳои қаннодӣ оғоз гардиданд. Курсҳои мазкур аз рӯи барномаи пешакӣ омодагардида пешбинӣ гардида, дар тӯли се моҳ гузаронида хоҳад шуд. Дар давоми чорабинии мазкур барои занҳо омода намудани хӯрокҳои миллӣ, шириниҳо ва хуришҳо омӯзонида мешавад. Дар дарсҳои аввал тренер тарзи ороиши дастурхонро намоиш дод.
Дар анҷоми курсҳо занҳо-иштирокчиҳо метавонанд бо соҳибкорӣ машғул шаванд, то ки буҷаи оилаи худро пур намоянд ва шароити зисташонро беҳтар кунанд.
Чорабинии мазкур аз тарафи ТҶ «АЗИТ» дар доираи лоиҳаи «Маркази захиравии занон» бо дастгирии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ гардид.Душанбе.

 

Ҳабарҳои дигар

10 ноя 2021

Ҷабрдида ва таҷовузкор

Дар ноҳияи Бобочон Ғафурови ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобочон Ғафуров дар мавзуи «Ҷабрдида ва таҷовузкор» - вохӯрии иттилоотӣ доир гардид.

5 авг 2021

Посещение Инновационной лаборатории

5 августа 2021 года Постоянный координатор ООН в Таджикистане г-жа Сезин Синаноглу и представители других структур ООН в Таджикистане, представители госструктур посетили Инновационную лабораторию, которая находиться при ЦДО №1 в Гафурове.

Минтақаҳои фаъолият