12 янв 2010

Дастгирии корхонаҳои хурду миёна

Лоиҳаро Иттиҳоди Аврупо тавассути ташкилоти байналхалқии HILFSWERK AUSTRIA бо шарикии ТҶ «Ассотсиатсияи Зиёиёни Илмию Техникӣ» сармоягузорӣ мекунад.

Мақсади лоиҳа – Мусоидатгар ба тақвияти таъсири мутақобилаи субъектҳои гуногуни агробизнес дар вилоятҳои Суғду Хатлон тавассути пешниҳод кардани бизнес идеяҳои нав, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ки ба дастгирии корхонаҳои хурду миёна нигаронида шудааст ва фаъол кардани сектори коркард ва бандубасти маҳсулоти хӯрока мебошад.

Таҳти мақсадҳои:

- Баланд бардоштани потенсиали рушди сохтори ташкилии шарикони маҳаллӣ (АЗИТ, НАДФ)

- Ба вуҷуд овардани ду Коргоҳи Маорифӣ оид ба Коркарди Маҳсулот (модел – Бизнес Инкубатор)

- Ҷорӣ намудани бизнес-консепсияҳои инноватсионӣ (франчайзинг, ассотсиатсия оид ба фурӯши маҳсулот, моделҳои тағйирпазир ва оперативии кредитдиҳӣ) барои таҷдиди микрокорхонаҳо

- Муқаррар кардани ҳамкории зич бо намояндагони тиҷоратии Австрия ва дигар мамолики Аврупою Осиёи Марказӣ

Шарикон:

- АЗИТ – Ассотсиатсияи Зиёиёни Илмию Техники узви АЗИТ дар доираи лоиҳа («Ғамхорӣ»)

- АМХДФ – Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои Деҳқонию Фермерӣ

- АМЗКТ – Ассотсиатсияи Миллии Занони Корчаллони Тоҷикистон

Ҳабарҳои дигар

19 фев 2021

Тренинг ва мастер класс дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров

Санаҳои 17- 18-уми феврали соли равон тренинг ва мастер класс дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров барои баҳрабарандагони лоиҳаи «Омузиш ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеаҳо- роҳ ба суи сулҳофарӣ ва субот» дар мавзуи «Тарзи дурусти аксбардорӣ/наворбардорӣ дар телефонҳои мобилӣ ва омода намудани видеороликҳо оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ» гузаронида шуд.

14 авг 2017

Ознакомительная встреча по презентации проекта

Курган-Тюбе, 14 июля 2017 года. В здании ЗАГСа города Курган-Тюбе прошла ознакомительная встреча руководства Общественной Организации «Гамхори» c сотрудниками ЗАГСА города по презентации партнерского проекта «Поддержка реформирования системы гражданской регистрации в Республике Таджикистан»

Минтақаҳои фаъолият