17 мар 2022

Банақшагирии муштарак, идоракунии лоиҳаҳо ва назорат, Мандати ҷамоат

Дар минтақаҳои мақсадноки деҳаҳои Воруху Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва деҳаи Метари ноҳияи Спитамен лоиҳаи "Барномаи рушди ҷомеа дар Тоҷикистон" (CASA-1000) амалӣ шуда истодааст.
Яке аз самтҳои афзалиятноки лоиҳа - баланд бардоштани маҳорату малака ва иқтидори худидоракунии мақомотҳои навташкили маҳаллӣ тавассути гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, барои аъзоёни Комиссияи лоиҳавии деҳа ва намояндагони ҷамоат семинари дурӯза таҳти унвони “Банақшагирии муштарак, идоракунии лоиҳаҳо ва назорат” ва “Мандати ҷамоат” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” бо мабалағгузории ҶДММ “ЦАИ Консалтинг” дар доираи лоиҳаи Бонки Умумиҷаҳонӣ “CASA 1000” зерлоиҳаи «Барномаи рушди ҷомеа дар Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.

Ҳабарҳои дигар

10 дек 2021

Тренинги 2-руза дар Душанбе

Дар ш. Душанбе бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати ЧТ ва Суди Олии ЧТ тренинги 2-руза дар мавзуъи “Ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои марбут ба зӯроварӣ дар оила-ҷанбаҳои қонунгузорӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ-иҷтимоӣ”судяхо - коромузон ва кормандони дастгохи суди ташкил ва гузаронида шуд.

27 июл 2016

Полевое исследование по вопросам оценки безопасности сообществ

В рамках проекта «Взаимодействие милиции с общественностью», реализуемого ОО АНТИ при поддержке международной организации Saferworld, 26-го июля в джамоате Чоркух г.Исфары и 27-го июля в джамоате Гулакандоз Дж.Расуловского района было проведено полевое исследование по вопросам оценки безопасности сообществ.

Минтақаҳои фаъолият