24 май 2018

Сафари омӯзишӣ ба ноҳияи Деваштич

Дар чорчӯбаи Лоиҳа оид ба дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон маблағгузорӣ шуда, дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии “АЗИТ” ва “ДАРО” амалӣ мегардад, сафари омӯзишӣ ба ноҳияи Деваштич барои як гурӯҳи иборат аз 10 нафар намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Шӯъбаи маориф, КАТС-и ноҳияи Айнӣ ва кормандони тавонбахшии сатҳи маҳал созмон дода шуд. Дар ҷараёни сафари омӯзишӣ, иштирокчиён дар бораи равишҳои истифоданамудаи ташкилоти ҷамъиятии “Мақсад” дар табиқи Лоиҳаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, фаъолияти кормандони тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал ва идоракунии парвандаҳо маълумоти зарурӣ гирифтанд. Дастаи Айнӣ ҳамчунин аз коргоҳи истеҳсоли таҷҳизоти ёрирасон барои шахсони маъюб, ҳуҷраҳои модар ва кӯдак, марказҳои саломатӣ, ҳуҷраҳои тавонбахшӣ, марказҳои кумаки иҷтимоӣ ва кӯдакистонҳо дидан карда, бо фаъолиятҳои онҳо дар самти расонидани хизматҳои иҷтимоӣ, тавонбахшӣ ва тиббӣ ба шахсони маъюб ва бесаробонмонда шинос шуданд. Мақсади асосии сафари омӯзишӣ омӯхтани таҷрибаҳои пешқадам оиди тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал ва истифодаи онҳо дар ноҳияи Айнӣ буд. 

Ҳабарҳои дигар

29 июл 2010

Фалсафаи барнома

Алҳол дар Тоҷикистон Стратегияи Миллии Рушд (СМР) дар давраи то соли 2015 ва Стратегияи Паст кардани камбизоатӣ (СПСК) дар солҳои 2007-2009 амалӣ гардонида мешавад, ки бояд барои ба низом даровардани раванди руш-ди мамлакат ба дурнамои дарозмӯҳлат тибқи Мақсадҳои Рушди Ҳазорсола му-соидат кунад.

2 мар 2020

Имтиҳоҳо оғоз шуданд

Санаи 2-юми марти 2020 сол дар "Озмоишгоҳи инноватсионӣ"-и Б. Ғафуров барои менторони ноҳияҳои Конибодом, Ашт, Исфара,

Минтақаҳои фаъолият