30 июн 2014

Имтиҳонҳо аз рӯи ихтисоси «Дӯзанда» ва «Муҳосиб бо дониши компутер»

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Пешбарии имкониятҳои мардуми деҳот тавассути иштирок ва таҳсилот барои ҳаёт» санаи 14 июни 2014 сол хонандагони курси «Дӯзандагӣ» имтиҳон супориданд. Ҳамаи духтарон ба имтиҳон хеле тайёрии хуб дида буданд. Ин аз рӯи маҳсулоти дӯхтаи шунавандагони курс маълум буд. Шунавандагони курс ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам амалӣ бо тайёрии хуб омаданд. Онҳо ба ҳамаи саволҳои имтиҳонгирандагон ҷавоб доданд.

Пас аз имтиҳон омӯзгори курс Райимбердиева Марғуба баҳои шунавандагонро эълон кард, хонандагон бошнад, ба ташкилкунандагон ва омӯзгорони курс миннатдории хешро баён намуданд.

30 июни 2014 сол дар чаҳорчӯбаи лоиҳа хонандагони курси «Муҳосиб бо дониши компутер» имтиҳон супориданд. Имтиҳон хуб гузашт. Шунавандагони курс дониши худро ҳам аз қисми муҳосибот ва ҳам кор бо компутер нишон доданд.

Ҳабарҳои дигар

15 ноя 2010

Встреча с молодёжью села Ходжаи Аъло в школе №24

12 ноября состоялась ещё встреча с молодёжью села Ходжаи Аъло в школе №24. В результате встречи по безопасности сотрудники проекта хотели удостовериться, что молодёжь полностью понимает процесс безопасности сообществ.

1 авг 2018

ТОТ для 10 медицинских работников

Одной из основных задач проекта «Поддержка гражданского общества в применении реабилитации на уровне сообщества для людей с инвалидностью в районе Айни» является запуск системы скрининга детей от 0 до 3 лет и раннего ...

Минтақаҳои фаъолият