1 окт 2021

Дар доираи лоиҳаи "Малакаҳо барои оянда ва гузариш ба хаёти корӣ"

1 октябри соли 2021 ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи "Малакаҳо барои оянда ва гузариш ба хаёти корӣ” вохӯрии ҳамоҳангсозӣ баргузор намуд. Дар чорабинии мазкур директори маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд, сарварони марказҳо, менторони озмоишгоҳҳои инноватсионии ноҳияҳои мақсаднок, омӯзгорони компутерии марказҳои таҳсилоти иловагӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз ташкили вохӯрии ҳамоҳангсозӣ бархурдор намудани иштирокчиён оиди фаъолияти озмоишгоҳҳои инноватсионӣ, дарёфти роҳҳи ҳалли мушкилиҳои озмоишгоҳҳо мебошад. Дар рафти чорабинӣ менторони озмоишгоҳҳо ва омӯзгорони компутер оиди корҳои иҷрошуда ҳисобот пешкаш намуданд.
Инчунин, тариқи кор дар гурӯҳҳо барномаи 3 солаи маҳфили нав дар марказҳои таҳсилоти иловагӣ таҳия гардид. Ба менторон вазифагузорӣ гардид, ки дар минтақаҳои худ барои намояндагони марказҳо дар чамоатҳо омӯзишҳо гузаронанад, то, ки мутахассисон омода гарданд.
Чорабинии мазкур аз тарафи ТҶ “АЗИТ” дар доираи лоиҳаи «Малакахо барои оянда ва гузариш ба хаети корӣ” бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ баргузор гардид.

Ҳабарҳои дигар

27 дек 2020

Вохурии иттилоотии навбати дар мактаби Донишгохи Полетехники

Хонандагони синфхои болоии муассиса оиди фаъолияти БРСММ ва максадхои он маълумоти пурра гирифтанд. Инчунин, дар рафти чорабини оиди хадафхои рушди устувор низ мухокима шуда гузашт, ки маълумотнокии иштирокчиёнро баланд гардонид.

15 окт 2021

Зан ... Офариниши аҷиби Худои таъоло.

Табиат ба занон вазифаҳои муҳимтаринро додааст, зеро ҳадафи зан дар рӯи замин идома додани насли инсон аст. Аз замонҳои қадим зан ҳамчун ошпаз, хизматгор, мавҷудоти бе ақида ва шӯҳратпараст ва танҳо ғулом дониста мешуд.

Минтақаҳои фаъолият