28 июл 2011

Асосҳои исломи анъанавӣ

Дар чаҳрчўбаи лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм», ки аз тарафи Комиссияи Аврупо дар чаҳорчўбаи барномаи «Воситаи Аврупоӣ оид ба демократия ва ҳуқуқҳои инсон» маблағгузорӣ карда шудааст, барои гурўҳҳои мақсаднок як қатор семинарҳо дар мавзўи «Асосҳои исломи анъанавӣ» гузаронида шуданд. Ин семинарҳо барои шаш гурўҳҳои ҷавонон дар шаш ҷамоатҳои мақсадноки ноҳияҳои Ашт ва Б. Ғафуров гузаронида шуданд. 

Мақсад ва вазифаҳои семинар: инкишоф додани дониши ҷавонон дар бораи дин ва таҳаммулпазирӣ, инчунин фаҳмонидани моҳияти дини ислом чун дини ҷаҳонӣ.

Ҳангоми оғозшавии семинарҳо кормандони лоиҳа иштирокчиёни семинарро хайрамақдам гуфта, дар бораи мақсад ва вазифаҳои семинар маълумоти мухтасар доданд. Сипас, сухан ба тренери семинар Каримов Махкамбой дода шуд. Каримов М. тренери барномаи инсоншиносии Оғохон дар маркази таълими Иноватсионии Донишгоҳи Осиёи Миёна дар назди ДДХ мебошад.

Ба муддати як рўз тренер сессияҳоро дар мавзўъҳои зерин гузаронид:

Сессияи 1. Мақсад ва моҳияти пайдоиши дин

Сессияи 2. Шиносоӣ бо таърихи пайдоиши ислом

Сессияи 3. Шарҳи моҳияти исломи анъанавӣ

Сессияи 4. Муҳокимаи масъалаҳо оиди «Зан ва исломи анъанавӣ»

Сессияи 5. Равия ва мазҳабҳо дар ислом

Сессияи 6. Ислом ва дунёи имрўза

Баъд аз ҳар як лексия доир ба сессияҳои гузашта бо мақсади мустаҳкам намудани дониши гирифташуда муҳокимаҳо гузаронида шуданд. Ба иштирокчиёни семинар оид ба ҳар як сессия маводҳои тақсимотӣ таҳия шуда, пешниҳод гардиданд.

Семинарҳо маърифатӣ ва хеле шавқовар буданд.  

Ҳабарҳои дигар

22 мар 2017

Намоиши расмҳо дар ҷамоати Овчи – Қалъача

Мақсади лоиҳаи мазкур – ин рушди нерўи эҷодии хонандагон аз нигоҳи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ аст. Дар расмҳои худ кӯдакон тавонистанд фикру ақидаҳо, тасввуротҳои худро нишон диҳанд, онҳо тавонистанд, ки фаҳмиши худро оиди «Сарҳад» ва «Дӯстӣ бидуни марз» тасаввур намоянд.

19 янв 2017

ҲАМКОРИИ БАЙНИСАРҲАДӢ БАРОИ МУСТАҲКАМИИ СУЛҲ ВА РУШД

Тоҷикистон. 19 январи соли ҷорӣ дар осоишгоҳи «Баҳористон» дар наздикии шаҳри Хуҷанд урдугоҳи байнисарҳадии панҷрӯза барои ҷавонон оғоз гардид, ки дар он тақрибан 50 нафар ҷавонони синну солашон аз 18 то 35 сола ширкат меварзанд. Иштирокчиёни урдугоҳи мазкур аз якчанд деҳаҳои наздисарҳадии ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар қад – қади сарҳади давлатии ин ду кишвар ҷойгир шудаанд.

Минтақаҳои фаъолият