17 авг 2010

Корхонаи Таълимию истеҳсолии ноҳияи Ашт

Дар доираи лоиҳаи «Дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи коркарди меваю сабзавот дар Тоҷикистон», «Корхонаи Таълимию истеҳсолии ноҳияи Ашт» ташкил шудааст. Он омода аст хизматҳои худро дар соҳаи коркарди сонавии қоқ пешниҳод кунад.

«Корхонаи Таълимию истеҳсолии ноҳияи Ашт» моҳи ноябри соли 2009 ташкил шудааст.

Он маркази таълимӣ оид ба коркарди олисифату коғазпечкунии қоқ (қайа) мебошад ва ба хонакорону хоҷагиҳои фермерӣ имкон медиҳад, ки маҳсулоташонро дар дастгоҳи олисифати истеҳсоли Туркия аз коркард гузаронида, коғазпеч кунанд. Таҳвилгари хатти истеҳсолӣ ширкати «KORALP»-и Туркия. Хатти истеҳсоли дар як басти кори то 4 тонна маҳсулотро аз коркард мегузаронад. Иқтидори истеъмолии хатти истеҳсолӣ 15кВт/соат аст.

 

КМИ ноҳияи Ашт хизматҳои зеринро пешниҳод мекунад:

- шустани қоқ

- хушк кардани қоқ

- колибровка

- коғазпеч ё ба қуттиҳо (дар як қуттӣ 5 кг) ҷой кардани қоқ

Дар пояи корхонаи маорифию истеҳсолии ноҳияи Ашт маркази захиравӣ ташкил карда шудааст, ки дар бораи нуктаҳои зерин иттилоъ медиҳад:

- дар бораи технологияи парваришу нигоҳубини зироатҳои кишоварзӣ;

- дар бораи истеҳсолкунандагони таҷҳизоти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ

- дар бораи стандартҳои сифат ва сертификатдиҳӣ ба маҳсулот

- дар бораи қоидаҳои содироти маҳсулот

- бисёр маводи дигари марбут ба маҳсулоти кишоварзӣ

Суроға: вилояти Суғд, ноҳияи Ашт, ҷамоати Шайдон, шаҳраки Шйдон, кӯчаи Бинокор 30 (дар ҳудуди «Заводи консерв»)

Шахси тамосӣ: мудири сех Шарифов Атамҷон, E-mail: sharipov-65@mail.ru , Тел.: (+992) 92-780 45 17

Ҳабарҳои дигар

31 янв 2019

Оила бидуни зуроварӣ

«Оила бидуни зуроварӣ: оё ихтилофи оилави-ин зуроварист? Агар дар оила ихтилоф, низоъ ба миён омада, то ба латту куб оварад-ин хушунат аст? Чӣ чора бояд андешид?» бо чунин суолхо тренер Негматова Мунира омӯзишро оғоз намуд.

Минтақаҳои фаъолият