18 май 2021

Тамоюлҳои муҳоҷират, ки ба ҳаёти занон таъсир мерасонанд

Муаммои муҳоҷират имрӯз хеле муҳим аст. Рафтани мардон муносибати байни зану шавҳарро ҷиддан душвор мекунад, ки ин ба стресс, асосан дар байни занон ва ҳатто ба вайроншавии оилаҳо оварда мерасонад. Бегонагии эҳсосии пайдошуда, масофаи калони байни ҳамсарон, вазъидушвори иқтисодӣ, ки оиладарон қарор дорад ва хиёнат – ин ҳама боиси ҷудошавӣ мегардад.
Вобаста ба ин, дар ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вохӯрии иттилоотӣ бо иштироки аҳолӣ, бахусус занони ҷамоат баргузор гардид.
Кормандони маркази захиравии занон дар якҷоягӣ бо аҳолӣ мавзӯи «Тамоюлҳои муҳоҷират, ки ба ҳаёти занон таъсир мерасонанд» -ро муҳокима карданд. Дар ин чорабинӣ занон, ки наздиконашон муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ширкат варзиданд.
Мутахассисони лоиҳа дар бораи тамоюлҳои муҳоҷират, ки ба ҳаёти оилавӣ таъсир мерасонанд, сухан гуфтанд.
Иштирокчиёни чорабинӣ муаммоҳои шахсии хешро кушоду равшан муҳокима намуда, ба ҳуқуқшиноси лоиҳа саволҳои худро иброз намуданд.
Мулоқоти иттилоотӣ барои сокинони ин ҷамоат муфид буд, зеро аксари занон ҳуқуқҳои худро намедонанд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ТҶ "АЗИТ" бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор гардид.
#poastiandosce

Ҳабарҳои дигар

26 фев 2021

Рузи сеюми омузиш барои менторон

Рузи сеюми омузиш барои менторон аз тахлили рузи дуюм огоз гардид. Хар як иштирокчи акидаи хешро оиди рузи гузашта иброз намуданд.

21 дек 2015

Вохӯрии ҷавонони ҷамоатҳо Ворух ва Навгилем бо намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулх аз мо ощоз меебад», дар асоси нақшаи корӣ, санаи 21 декабри соли 2015 дар ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара вохӯрии намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ бо ҷавонон гузаронида шуд.

Минтақаҳои фаъолият