28 июл 2008

Компоненти 2

оиҳаи «Пешбурди иштироки Ҷамъияти Шаҳрвандӣ дар Мониторинги Барномаҳои Миллии Рушд» дар доираи Барномаи «Дастгирии Ташаббусҳои Шаҳрвандӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (USAID)

Лоиҳаи мазкур аз ду компонент иборат аст:

Компоненти дуюми ин лоиҳа ба пешбурди иштироки аз ҷиҳати меъёрӣ асосноки Ҷамъияти Шаҳрвандӣ дар мониторинги татбиқи СПСК равона карда шудааст.

Муҳиммияти ин вазифа дар он аст, ки СМР ва СПСК дар ҳалли масоили паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳуҷҷатҳои муҳимми қонунгузорию ҳуқуқӣ маҳсуб гардида, иштироки васеи Ҷамъияти Шаҳрвандиро дар ҳалли масъалаҳои беҳтар намудани хаёти сокинони Тоҷикистон пешбинӣ мекунад. Вале, бо вуҷуди он ки иштироки намояндагони ҶШ дар мониторинги татбиқи СПСК дар худи ҳуҷҷат сабт гардидааст, механизми дақиқе, ки иштироки ҶШ-ро ба сифати шарики баробарҳуқуқ дар гузаронидани мониторинги СПСК таъмин кунад, мавҷуд нест. Дар асоси хулосаҳое, ки дар рафти иҷрои фаъолияти барномавии шарикони Гурӯҳи Мусоидат бароварда шудаанд, ошкор гардид, ки базаи меъёрию ҳуқуқии мавҷуда дар қонунгузории ҶТ-ро, ки интироки ҶШ-ро дар мониторинги СПСК пешбинӣ мекунад, «бозигарони» калидии системаи Мониторинг ва Арзбёрии СПСК ба таври мухталиф мефаҳманд. Дар иртибот бо ин нукта таҳлили касбии санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҶТ ба субут расонида шуд. Таҳлилро «Бюро оид ба ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонуният» иҷро кард ва дар асоси он ҳисоботи таҳлилӣ барои омӯзиши заминаҳои ҳуқуқии ҶШ дар мониторинги барномаҳои миллӣ таҳия карда шуд. Дар асоси таҳлили иҷро кардашуда бо ҷидду ҷаҳди якҷояи шарикони Гурӯҳи Мусоидат (12 ташкилоти ҷамъиятӣ аз минтақаҳои мухталифи мамлакат) бо иштироки ҳуқуқшинос – эксперт «Низомнома дар бораи иштироки Ташкилотҳои Ҷамъияти Шаҳрвандӣ дар мониторинги барномаҳои миёнамӯҳлати рушди мамлакат» таҳия карда шуд. Ҳуҷҷат амалан ҳамаи ҷанбаҳои иштироки ТҶШ-ро дар бар мегирад, муносибати мутақобилаи иштироккунандагони асосии Низоми Мониторинг ва Арзёбиро танзим мекунад, функсия ва вазифаҳои асосии ТҶШ-ро дар иҷрои мониторинги ҷамъиятӣ инъикос менамояд. Ин нукта ба Вазорати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва минбаъд пешниҳод кардан ба Ҳукумат ирсол шудааст.

Ҳабарҳои дигар

24 апр 2017

Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон

Дар МТМУ №56, ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара, Фестивали дӯстии Тоҷикистону Қирғизистон бо иштироки аҳолии минтақаҳои ҳаммарз баргузор гардид. Ҷамъомади идона бо ташаббуси Ассосиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон дар робита бо Фонди ҷамъиятии "Таҳаммулзарии байналхалқӣ" дар Қирғизистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи тамосии ҷавонон (ГТҶ)-и ҷамоати Сурх дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Кирғизистон" ташкил карда шуд.

29 май 2022

Сафари омӯзишӣ: мубодилаи таҷриба ва хамкори

Ҳайъати иборат аз адвокатхо ва ҳуқуқшиносони давлатӣ аз шаҳрҳои Исфара, Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи ҳамкасбон дар самти расонидани кӯмаки тахассусӣ ба қурбониёни хушунати шахвонӣ ва гендерӣ аз Душанбе ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дидан карданд.

Минтақаҳои фаъолият