16 дек 2015

Таърихи клуби занонаи Шукрона

Аз нақли Мартина Квиатковская, ҳамоҳангсози лоиҳаи FED.

Фаъолияти клуби занон Шукрона дар деҳаи Мопр ва гирду атрофаш хеле машҳур мебошад. Занҳо бо пухтани ширинӣ, ҳамчунин бо ороиши либоси занона хеле маъмул мебошанд. Барои ҳамин ҳам онҳо ҳамеша банд ва серкор ҳастанд. Клуби занон Шукрона барои иштирок дар намоишномаи санъати ороишӣ – ҳунарӣ, ки бахшида ба «Рӯзи оила» ташкил карда шуда буд, даъват шуд. Намоишнома санаи 15 майи соли 2015 дар шаҳри Вахш гузаронида шуд. Занҳо бо фахр шириниҳои худро пешкаш карданд. Кори онҳо дар яке аз барномаҳои телевизиони маҳаллӣ намоиш дода шуд. Барои пухтупаз онҳо бештар хушкмеваҳоро истифода мебаранд. Пешвои клуб Одинаева Малоҳат, мегӯяд, ки дар аввали ташкили клуб дӯзандаи касбӣ набуд. Ин соли 2014 буд, ки Дилбар Ғиёсова ва Мавҷигул Фахридинова дар курси омӯзишии 10 рӯзаи баландбардории санъати буррандагӣ в адӯзандагӣ иштирок карданд. Баъдан онҳо дигар иштирокчиёни гурӯҳро омӯзонданд.  Мавҷигул Фахридинова алакай курс идӯзандагӣ барои ҷавондухтарон мебарад. Нархи 1 моҳи курс 50 сомонӣ мебошад, ки аз он 20 сомониро Мавҷигул барои фонди клуб месупорад. Клуб фармоишоти зиёд аз дигар деҳаҳо мегирад. АЗ ҳама бештар, онҳо фармоиш барои либосҳои занона ва ороиши болишт мегиранд. Занҳо ба чунин қарор омаданд, ки дар фасли зимистон дар хонаашон кор мекунанд, барои ҳамин мошинаҳои дарздӯзӣ байни занон тақсим карда шуданд. Ба мисли соли гузашта, занҳо ба нақша доранд, ки дар фасли зимистон картошка мешинонанд, ва дар фасли баҳор онро мечинанд. Соли гузашта ҳосил хеле фаровон шуда буд, қисман фурӯхта шуда буд, ва фоидаи бадастоварда барои маблағгузории клуб супорида шуд. Имсол, клуби Шукрона ба нақша дорад, ки 3 гармхона созад. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Қувваи зан дар клуби занон. Соҳибкорӣ дар таҷриба» онҳо дар фермаи Муслима Раҳмонова 2 гармхона сохтанд. Сарфи сохтмони гармхона аз ҳисоби фонди клуб рӯ            йпӯш карда мешавад. Сафар ба деҳаи Зарнисор ва мубодилаи таҷриба бо клуби занон Умед донишу малакаи худро оиди сохтмони гармхона ва шинондани сабзавот баланд бардоштанд, Дар сохтмони гармхона бародари яке аз аъзоёни клуб – Ташккул иштирок мекунад, ки аз ин пештар чунин фармоишотро иҷро мекард. Бисёре аз аъзоёни клуб ҷудошуда ё бева мебошанд. Фаъолияти клуб дар деҳаи Мопр хеле маъмул мебошад, барои ҳамин ҳам бисёре нафарон ёрии худро пешкаш менамуданд. Орзуи занон ин сохтани гармхонаҳо дар хонаи ҳар аъзоёни клуб мебошад.

Аксбардор: Мартына Квиатковска

Лоихаи мазкур дар чахорчубаи барномаи Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд маблаггузори шудааст.

Ҳабарҳои дигар

5 дек 2020

Встреча членов и партнеров Инициативной группы

Сегодня, во второй половине дня в рамках деятельности Инициативной группы по продвижению образования для всех на протяжении всей жизни в Таджикистане в городе Душанбе собрались члены и партнеры с целью обсуждения деятельности Инициативной группы и проекта "Продвижение качественного, инклюзивного образования для всех на протяжении всей жизни".

15 фев 2021

Тренинга по "Правовым аспектам деятельности общественных организаций"

Сегодня в рамках проекта "Продвижение качественного и инклюзивного образования для всех на протяжении всей жизни" проходит первый день тренинга по "Правовым аспектам деятельности общественных организаций" в Учебном центре Национального банка Таджикистн, г. Гулистон. На тренинге принимают участие все члены Инициативной группы по продвижению образования для всех на протяжении всей жизни в Таджикистане. Первый день тренинга прошёл очень интересно: были лекции, практические занятия, работа в малых группах и презентации со стороны участников. Мероприятие проводится общественной организацией «Ассоциация научно-технической интеллигенции», при финансовой поддержке программы Education Out Loud.

Минтақаҳои фаъолият