5 окт 2010

Усулҳои интерактивии таълим

Бо мақсади ҷамъбаст ва системакунонии таҷрибаи истифодаи усулҳои интерактивии таълим дар доираи лоиҳаи «Паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба воситаи омўзиш ва таҳсилоти касбӣ», дар қаҳвахонаи “Гулшан”-и шаҳри Хуҷанд аз 29 сентябр то 1 октябри соли ҷорӣ семинар доир ба мавзўи “Усулҳои интерактивии таълим” баргузор гардид.

Иштирокчиёни семинар омўзгорони муассиссаҳои мақсадноки ТИК-и вилояти Суғд буданд. Дар давоми се рўз иштирокчиёни семинар бо усулҳои интерактивии таълим шинос гардиданд. Бозиҳои нақшавӣ ба иштирокчиён имкон дод, ки усулҳои муосири таълимии зеринро дар амал нишон диҳанд:

- кор дар гурўҳҳои хурд

- бозиҳои нақшавӣ

- ҳуҷуми ақлӣ

- муҳокима ва дигарҳо

Лаҳзаи аз ҳама ҷолиби семинар дар он буд, ки ба омўзгорон супориш дода шуд, ки дар амал усулҳои нави таълимро дар дарсҳои фаннии худ истифода намуда, онҳоро ба намуди презентасия ба таваҷҷўҳи ҳозирин пешкаш намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки чунин семинар барои омўзгорони муассиссаҳои мақсадноки ТИК-ии вилояти Хатлон низ баргузор гардид.

Ҳабарҳои дигар

19 май 2017

Бонувони қирғиз ҳунарҳои миллии тоҷиконро меомӯзанд

Омӯзиши мазкур, бо ташаббуси гурӯҳи тамосии ҷавонони деҳаи Лаккони Исфара дар доираи ќисмати бизнес-чорабиниҳои лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи илмӣ-техникии Тоҷикистон амалӣ гардид.

15 май 2020

Барои оилаҳои шахсон/кӯдакони дорои маъюбият дошта, кӯмак расонида мешавад

Бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон ва ҳамкорӣ бо ҳукумати ноҳияи Айнӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии "АЗИТ" ва "ДАРО" ба оилаҳое ки дорои шахсон/ кудакони маъюбанд, дар шакли тақсимкунии маҳсулоти санитарӣ ва гигиенӣ кӯмак расониданд.

Минтақаҳои фаъолият