13 янв 2020

Марҳилаи нави Барномаи омӯзишии «ПЕШСАФ»

Марҳилаи нави Барномаи омӯзишии «ПЕШСАФ» байни наврасону ҷавонони аз 14 то 18 сола зери мавзӯи «Инкишофи донишу малакаҳои замонавии наврасон ва ҷавонон», ки дар давоми 4 рӯз дар Озмоишгоҳҳои инноватсионии ноҳияҳои мақсадноки лоиҳа: Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Деваштич баргузор гардид. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин пешниҳод намудани кӯмак ба наврасону ҷавонон дар ҳалли муаммоҳое, ки дар ҷомеаи онҳо мавҷуд ҳастанд. Дар рафти омӯзиши 4 рӯза иштирокчиён муаммоҳои ҷомеаи худро муайян намуда, барои ҳалли он роҳҳо ҷустанд. Рӯзи охирони омӯзиш гурӯҳҳо лоиҳаҳои худро бо ёрии презентатсия ва ихтироъҳо ба ҳакамон муаррифӣ намуданд ва соҳиби сертификат шуданд.
Чорабинии мазкур дар доираи барномаи «ПЕШСАФ» аз тарафи ТҶ «АЗИТ» бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳабарҳои дигар

24 июл 2021

Нақши занон дар ҷомеа

Ташкилоти ҷамъиятии "АЗИТ" дар минтакахои мақсадноки лоиҳаи "Тақвият ва дастгирии марказҳои захиравии занон" як қатор ҷаласаҳои иттилоотӣ гузаронид. Дар маҳаллаи “Чашмаи Арзана” -и шаҳри Хуҷанд, дар ҷамоатҳои Исфисор ва Ҳайдар Усмон ҷаласаҳои иттилоотӣ дар мавзӯи “Нақши занон дар ҷомеа” баргузор шуданд.

Минтақаҳои фаъолият